Наҷоти 70 ҳазор китоб дар сӯхтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Дар ҷараёни сӯхтори субҳи 2-юми март дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст ва фавти одамон низ бақайд гирифта нашудаст. Бино ба иттилои ВКД, ҳодисаи мазкур соати 06:38 дақиқа дар ин донишгоҳ, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев 63/3-и шаҳри Душанбе ба амал омад. Ҳангоми ҳозир шудани оташнишонон дар масоҳати 630 метри мураббаъ дохил ва болопӯши бинои […]

Дар ҷараёни сӯхтори субҳи 2-юми март дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст ва фавти одамон низ бақайд гирифта нашудаст.

Бино ба иттилои ВКД, ҳодисаи мазкур соати 06:38 дақиқа дар ин донишгоҳ, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев 63/3-и шаҳри Душанбе ба амал омад.

Ҳангоми ҳозир шудани оташнишонон дар масоҳати 630 метри мураббаъ дохил ва болопӯши бинои китобхонаи донишгоҳро алангаи кушод ва дуди ғализ фаро гирифта, хавфи паҳн шуданаш ба қисматҳои дигари бино ва биноҳои таълимии шафати он ба миён омада буд.

Бо чораҳои фаврӣ молу ашёи қимматнок, компютеру дигар таҷҳизоти муосир ва китобҳои илмию бадеӣ, ки шумораашон зиёда 70 ҳазор ададро ташкил мекард, аз нобудшавӣ дар коми оташ наҷот дода шуданд.

Ба ҷойи ҳодиса 16 адад нақлиёти махсуси оташнишонӣ ва 115 нафар ҳайати роҳбарикунандаву шахсии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва РХДО-и шаҳри Душанбе, инчунин хадамоти ҳамоҳангсозӣ сафарбар шуданд.

Дар натиҷаи амалиёти фаврии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД сӯхтор дар кӯтоҳтарин фурсат хомӯш карда шуд.

Таҳқиқи ҳодиса аз тарафи мутахассисони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.