Ба карантин гирифтани 12 тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон

12 нафар тоҷикистониён, ки рӯзи 1-уми март аз Сеул ба Тошканд омаданд, ба карантини дуҳафтаина гирифта шуданд. Дар ин бора Kursiv.kz бо истинод ба манбаъи худ дар Агентии  беҳдошти санитарӣ-эпидемиологии Ӯзбекистон хабар медиҳад. Ин тасмим ба пешгирии паҳншавии COVID-2019 дар Ӯзбекистон вобаста аст. Ин маълумотро дар хадамоти матбуоти Uzbekistan Airways низ тасдиқ кардаанд. Бино ба иттилои […]

12 нафар тоҷикистониён, ки рӯзи 1-уми март аз Сеул ба Тошканд омаданд, ба карантини дуҳафтаина гирифта шуданд. Дар ин бора Kursiv.kz бо истинод ба манбаъи худ дар Агентии  беҳдошти санитарӣ-эпидемиологии Ӯзбекистон хабар медиҳад. Ин тасмим ба пешгирии паҳншавии COVID-2019 дар Ӯзбекистон вобаста аст.

Ин маълумотро дар хадамоти матбуоти Uzbekistan Airways низ тасдиқ кардаанд. Бино ба иттилои ширкати ҳавопаймоӣ, 253 нафар мусофирон аз Сеул ба Тошканд омаданд. Аз ин шумор 178 нафарашон шаҳрвандони Ӯзбекистон ва боқимонда 75 нафар хориҷиён будаанд, ки 22 кас аз онҳо тариқи транзит ба дигар кишварҳо сафар доштанд.

Ҳамаи ӯзбекистониҳо ва хориҷиёни дар кишвар боқимонда, аз ҷумла, 29 русиягӣ, 18 шаҳрванди Қазоқистон, 12 шаҳрванди Тоҷикистон, 2 шаҳрванди Қирғизистон ва як мусофир аз Ҳиндустон ба карантини дуҳафтаина гирифта шуданд.

Қаблан дар Ӯзбекистон шаҳрвандони аз Чин воридшуда ба карантин гирифта шуда, ҳамаи онҳо аллакай ҷавоб гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...