Чин хостори густариши равобит бо Толибон* шуд

Вонг Ю, сафири Чин дар Кобул зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, ки кишвараш ҳамчун як ҳамсоя ва ҳамкори хуб бо Афғонистон дар заминаҳои гуногун фаъолияти муштарак дорад ва дар оянда равобити худро бо ҳукумати Афғонистон густариш хоҳад дод. Ба иттилои шабакаи телевизионии “Тулӯъ-нюз” сафир дар нишасти хабарӣ гуфтааст: “Чин ҳамчун як ҳамсоя, бародар ва шарики хуб, […]

Вонг Ю, сафири Чин дар Кобул зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, ки кишвараш ҳамчун як ҳамсоя ва ҳамкори хуб бо Афғонистон дар заминаҳои гуногун фаъолияти муштарак дорад ва дар оянда равобити худро бо ҳукумати Афғонистон густариш хоҳад дод.

Ба иттилои шабакаи телевизионии “Тулӯъ-нюз” сафир дар нишасти хабарӣ гуфтааст: “Чин ҳамчун як ҳамсоя, бародар ва шарики хуб, бо таваҷҷуҳ ба пешниҳодҳои рушд ва амнияти байналмилалӣ, дар сохтани ҷомеае бо сарнавишти муштарак барои башарият, ҳамкориҳои худро бо Афғонистон дар бахшҳои мухталиф густариш медиҳад. Чин ҳамроҳ бо афғонҳои заҳматкаш, талошҳои муштаракро барои сулҳ, субот ва рушд дар Афғонистон анҷом хоҳад дод”.

Ба гузориши манбаъ, ин дипломати чинӣ аз ҳузури 20 – солаи Амрико дар Афғонистон интиқод карда, зикр намудааст, ки Амрико дар Афғонистон мушкил эҷод кард ва пас аз хурӯҷ аз ин кишвар, ҳеҷ кӯмаке ба афғонҳо накард.

"Амрико фақат барои манофеъи худ кор мекунад. Ҷанги 20 – солаи Афғонистон, ки Амрико шурӯъ кард, натанҳо имкони рушди иҷтимоӣ ба ин кишвар надод, балки зерсохтҳои Афғонистонро ба шиддат тахриб кард. Ҳоло иқтисоди Афғонистон дар ҳоли рукуд аст ва афғонҳо дар шароити сахт зиндагӣ мекунанд" – гуфтааст Вонг Ю.

Сафир дар мавриди аз ҷониби Чин ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон* ҳарфи дақиқе нагуфта, тазаккур додааст, ки дақиқан аз шеваи бархӯрди Амрико бо Афғонистон пайравӣ нахоҳад кард.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.