Шаҳрвандони Тоҷикистон барои одамрабоӣ дар Дубай маҳкум шуданд

Дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб се шаҳрванди Тоҷикистонро бо гуноҳи одамрабоӣ ба зиндон маҳкум карданд, хабар медиҳад centralasian.org. Вебсайти thenationalnews.com бо такя ба парвандаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Дубай муҳокима шудаанд, рӯзи 17-уми август навишт, се ҷавони тоҷики аз 18 то 35-сола моҳи ноябри соли гузашта бо фармоиши як зани […]

centralasian.org

Дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб се шаҳрванди Тоҷикистонро бо гуноҳи одамрабоӣ ба зиндон маҳкум карданд, хабар медиҳад centralasian.org.

Вебсайти thenationalnews.com бо такя ба парвандаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Дубай муҳокима шудаанд, рӯзи 17-уми август навишт, се ҷавони тоҷики аз 18 то 35-сола моҳи ноябри соли гузашта бо фармоиши як зани чинӣ яке аз ҳамватанони ӯро рабуда ва ғорат кардаанд.

Ба гуфтаи додгоҳ, шаҳрвандони Тоҷикистон марди чиниеро, ки аз ҳамватанаш 20 ҳазор дирҳам, муодили тахминан 5,5 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор будааст, рабуда ба канори шаҳри Дубай бурда ба ӯ таҳдид кардаанд.

Пулиси Дубай бо истифода аз сабти дурбинҳои назоратӣ шахсияти одамрабоёнро ошкор кардааст. Дар оғоз шаҳрвандони Тоҷикистон ба се соли зиндон маҳкум шудаанд, вале додгоҳи таҷдиди назар ҳукмро то шаш моҳи зиндон кутоҳ карда ва амр додааст, ки баъди адои ҳукм аз Дубай ронда шаванд.

Дубай ва бархе дигар шаҳрҳои Имороти Муттаҳидаи Арабӣ макони маъмули сафару зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки бештар бо ҳадафи тиҷорату саёҳат ба ин кишвар мераванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.