Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи “Тоҷикматлубот” имрӯз дар бораи захираҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар анборҳояш маълумот дод.
Тибқи маълумоти раиси Иттифоқ Ҳусайн Идиев, айни замон дар 45 анбори Тоҷикистон 2 364 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 703 тонна картошка захира шудааст.
Ҳамчунин 155 ҳазор зарфҳо (банкаҳо)-и шартии маҳсулоти консервагӣ, ки аз ҷониби корхонаҳои коркарди сабзавоту меваи “Тоҷикматлубот” истеҳсол шудаанд, низ захира шудааст.
Дар мавриди болоравии нархи картошка то 5 сомонӣ Идиев ба он бовар накарда изҳор дошт, ки “имрӯз картошка бо арзиши 3,5-4 сомонӣ фурӯхта мешавад, ки чандон гарон нест”.
Ба гуфтаи ӯ, имконоти молиявии Иттифоқ имкон намедиҳанд, ки ба поин кардани нархи сабзавоту мева, аз ҷумла картошка дар бозорҳо таъсир расонида шавад.
Бино ба маълумоти Вазрати кишоварзӣ, то 1 декабри соли 2020 дар Тоҷикистон зиёда аз 989 ҳазор тонна картшка истеҳсол шудааст.
Мувофиқи ҳисоби коршиносон, ин миқдор ҳосил бояд ба аҳолии кишвар дар як сол кофӣ бошад, лекин бо назардошти нархҳо ва оғози воридоти картошка аз дигар кишварҳо, бахусус аз Покистон, ба чунин маълумоти оморӣ бисёре аз мутахассисону коршиноосон шубҳа доранд.
Камбуди картошка ба болоравии арзиши он боис гардид: тибқи маълумоти расмӣ, дар муқоиса бо аввали сол дар зарфи 11 моҳи соли 2020 нархи он ба андозаи 20,1% боло рафт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.