Толибон* Ҳомид Карзайро лату кӯб карданд

Президенти собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай аз ҷониби Толибон* лату кӯб шуда, ӯро таҳдиди куштан низ кардаанд. Дар ин бора коршиноси масоили Афғонистон Андрей Серенко дар Telegram-канали худ хабар додааст. Ба гуфтаи Серенко, ҳодисаи лату кӯб ду ҳафта пеш, баъди аз ҷониби собиқ президенти Афғонистон Ҳомид Карзай интиқод шудани Покистон барои бастани мактабҳо дар Афғонистон рух […]

Asia-Plus

Президенти собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай аз ҷониби Толибон* лату кӯб шуда, ӯро таҳдиди куштан низ кардаанд. Дар ин бора коршиноси масоили Афғонистон Андрей Серенко дар Telegram-канали худ хабар додааст.

Ба гуфтаи Серенко, ҳодисаи лату кӯб ду ҳафта пеш, баъди аз ҷониби собиқ президенти Афғонистон Ҳомид Карзай интиқод шудани Покистон барои бастани мактабҳо дар Афғонистон рух додааст.

“Як гурӯҳи Толибон* ба хонаи ӯ дар Кобул даромадаанд. Ҷангиён, ба гуфтаи манбаъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Ҳомид Карзайро лату кӯб кардаанд… Ҳамчунин ӯро таҳдиди куштан низ кардаанд. Дар охири “суҳбати тарбиявӣ” Толибон Карзайро огоҳ кардаанд, ки дигар Толибон* ва Покистонро танқид накунад”, – менависад Серенко.

Ҳомид Карзай аз моҳи декабри соли 2002 то соли 2004 ба сифати иҷрокунандаи вазифаи президент ва аз моҳи декабри соли 2004 то соли 2014 аллакай ба ҳайси президенти интихобшуда дар Афғонистон роҳбарӣ кард.

Бо сари ҳокимият омадани Толибон*, Ҳомид Карзай дар баробари ходими дигари давлатӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз муҳофизон маҳрум ва барои як даврае ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.

Тавре ки Sputnik Афғонистон хабар медиҳад, айни замон ба Карзай берун рафтан аз ҳудуди кивар манъ шудааст. Моҳи майи ҳамин сол ӯро иҷоза надода буданд, ки ба ҷанозаи президенти 2-юми Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зайд ан-Наҳайян равад.

“Ҳарчанд сафари ӯ дар ҳамдастӣ бо сафири АМА дар Кобул омода шуда бошад ҳам, Толибон* ба сафари Карзай иҷоза надоданд. Дар ВКХ-и Толибон* изҳор намуданд, ки дар ин бора чизе намедонанд. Дар ҳамин ҳол, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ҳамкори Карзай дар Шӯрои ҳамоҳангсозии интиқоли осоиштаи ҳокимият, дар Иди Рамазон бо оилааш тариқи Ҳиндустон ба Дубай рафта буд”, – менависад Sputnik Афғонистон.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.