Раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода дар нишасти хабарии рӯзи 10 феврал ба рӯзноманигорон хабар дод, ки соли 2020 ба ин ниҳод 3563 арзу шикоят ворид шудааст.
Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ ба маблағи ҳудуди 410 млн сомонӣ талаботҳоро қонеъ намудааст.
Соли гузашта Суди олии иқтисодӣ 134 қарори ҳукуматҳои маҳаллиро дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин ба шахсони ҳуқуқӣ – ширкату хоҷагиҳои фермерӣ ва ғайра бекор кардааст.
“Даъвоҳо нисбати ҷудо кардани қитъаҳои замин ба шахсони воқеӣ барои сохтмони манзил аз ҷониби судҳои умумӣ баррасӣ мешаванд”, – гуфт раиси Суди олии иқтисодӣ.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки аз ҳамин сол баррасии парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ба ихтиёри судҳои иқтисодӣ дода мешаванд.
Лоиҳаи ворид намудани тағйироти дахлдор ба қонунгузорӣ, ки аз ҷониби суди иқтисодӣ таҳия гардидааст, ба баррасии парлумон пешниҳод шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.