Путин иҷоза дод. Ифтитоҳи марказҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин пешниҳоди ифтитоҳи марказҳои мутобиқшавиро барои муҳоҷирон, ки дар онҳо ба муҳоҷирон қонун ва расму оинҳои Русия омӯзонида мешавад, маъқул донист, менависад хабаргузории РИА Новости. Дар вохӯрӣ бо Владимир Путин роҳбари Агентии федералӣ оид ба умури миллатҳо Игор Баринов пешниҳод намудааст, ки ба таври озмоишӣ дар якчанд минтақаҳои Русия барои муҳоҷирон марказҳои […]

Asia-Plus

Президенти Русия Владимир Путин пешниҳоди ифтитоҳи марказҳои мутобиқшавиро барои муҳоҷирон, ки дар онҳо ба муҳоҷирон қонун ва расму оинҳои Русия омӯзонида мешавад, маъқул донист, менависад хабаргузории РИА Новости.

Дар вохӯрӣ бо Владимир Путин роҳбари Агентии федералӣ оид ба умури миллатҳо Игор Баринов пешниҳод намудааст, ки ба таври озмоишӣ дар якчанд минтақаҳои Русия барои муҳоҷирон марказҳои мутобиқшавӣ боз гардад.

Ба гуфтаи ӯ, таъсиси чунин марказҳо яке аз тадбирҳои пешгирии аз муҳит ва ҳаёти ҷомеа дур мондани муҳоҷирон аст.

“Дар ин марказҳо ҳамчунин кумакҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ гирифтан имкон дорад, зеро, тавре равоншиносон мегӯянд, муҳоҷир фишори зиёд эҳсос мекунад”, – иброз доштааст вай.

Путин дар навбати худ зикр намудааст, ки мақомоти кишварҳое, ки аз он ҷо муҳоҷирон ба Русия меоянд, “ба ин пешниҳод розӣ буда, омодаанд, ки ба ин кор ҳамроҳ шаванд".

“Дар ин кишварҳо ҳама розианд. Дар Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон бо қаноатмандӣ аз ин иқдом дастгирӣ хоҳанд кард, онҳо ба ин манфиатдоранд. Танҳо моро лозим аст, ки бештар дар ин ҷойҳо фаъол бошем”, – гуфтааст Путин.

Хабаргузории Фергана менависад, дар як қатор минтақаҳои Русия, аз ҷумла дар Санкт-Петербург, Красноярск ва Тюмен марказҳои мутобиқшавии муҳоҷирон аллакай амал мекунанд. Аввалин чунин марказ соли 2013 дар Тамбов боз шуд.

Дар давраи аз моҳи апрел то июн 3,12 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ вуруди худро ба Русия барои кор зикр кардаанд, ки нишондиҳандаи рекордӣ тайи шаш соли ахир аст. Аз лиҳози теъдоди муҳоҷирони кории ба Русия воридшуда Ӯзбекистон (1,54 млн нафар), Тоҷикистон (900 ҳазор нафар) ва Қирғизистон (200 ҳазор нафар) пешсафанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.