«Сомон Эйр» боз ду ҳавопаймои “Боинг 737-800” гирифт

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзи 30 август яке аз ду ҳавопаймоҳои “Боинг 737-800”-ро дастрас намуд. Ин ҳавопаймо 189 ҷойи нишасти эконом-класс дорад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат. Ҳавопаймо бо рангҳои маъмулии ширкат оро дода шуда, бо номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода унвонгузорӣ шудааст. Гуфта мешавад, тавре интизор меравад, дар аввали моҳи сентябр боз як ҳавопаймои […]

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзи 30 август яке аз ду ҳавопаймоҳои “Боинг 737-800”-ро дастрас намуд. Ин ҳавопаймо 189 ҷойи нишасти эконом-класс дорад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.

Ҳавопаймо бо рангҳои маъмулии ширкат оро дода шуда, бо номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода унвонгузорӣ шудааст.

Гуфта мешавад, тавре интизор меравад, дар аввали моҳи сентябр боз як ҳавопаймои дигари Boeing 737-800 шомили парки ҳавопаймоии ширкат хоҳад шуд.

Ҳарду ҳавопаймоҳо дар асоси лизинги амалиётӣ аз яке аз бузургтарин ширкатҳои лизингӣ – ACG (Aviation Capital Group) гирифта шудаанд.

Бо дарёфти ҳавопаймоҳои нав шумораи ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар маҷмӯъ ба шаш адад мерасад – ду ҳавопаймои Боинг 737-900 ва чаҳор ҳавопаймои Боинг 737-800.

«Боиси хушнудист, ки қабули ҳавопаймоҳои нав ба таҷлили 31-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи гражданӣ рост омад. Бешубҳа, ҳавопаймоҳои гирифташуда ба тавсеаи шабакаи парвозҳо – зиёд гардидани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои амалкунанда ва роҳандозии хатсайрҳои нав, инчунин қонеъ намудани талаботи рузафзуни мусофирон мусоидат хоҳанд кард. Миннатдорем аз ширкати ACG барои эътимоду ҳамкорӣ ва итминон дорем, ки муносибатҳои шарикии мо минбаъд боз ҳам таҳкиму тақвият меёбанд”, – зикр намудааст муовини директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” Абдулқосим Валиев.

Aviation Capital Group соли 1989 таъсис ёфта, яке аз ширкатҳои пешбари ҷаҳон дар самти идораи дороиҳои авиатсионӣ бо маҷмӯи пурраи хизматрасониҳо мебошад. Ба ҳолати 30.06.2022 Aviation Capital Group молики 475 адад ҳавопаймо мебошад, ки ба 85 ширкати ҳавопаймоии 45 давлати дунё ба иҷора дода шудаанд. ACG ширкати фаръии корпоратсияи Tokyo Century мебошад.

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз соли 2008 бомуваффақият дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ фаъолият намуда, узви Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) аст.

опаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат аст. Ширкат аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам анҷом дода, дар айни замон ҷиҳати барқарорсозии парвозҳо самти Хитой ва роҳандозии парвозҳои мунтазам самти Арабистони Саудӣ чорандешӣ менамояд.

Бехатарии парвозҳо аз афзалиятҳои ширкат буда, фаъолияти он ба қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ба интиқолоти ҳавоӣ, тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ нигаронида шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.