Ҳабси ҷавоне, ки ҷавонзанро таҳқир кардааст

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Амир Давлатшозода, як ҷавони тоҷикро барои дағалгуфторӣ ва паст задани шаъну шарафи як ҷавонзан 15 шабонарӯз ҳасби маъмурӣ кардааст. Ин ниҳод гуфт, Давлатшозода дар асоси муроҷиати як ҷавонзан, сокини шаҳри Душанбе дастгир шуда, алфози қабеҳ ва амалу рафтори зиддиахлоқии номбурда, ки дар наворҳо сабт гардидаанд, исботи худро ёфтаанд. “Зимни […]

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Амир Давлатшозода, як ҷавони тоҷикро барои дағалгуфторӣ ва паст задани шаъну шарафи як ҷавонзан 15 шабонарӯз ҳасби маъмурӣ кардааст.

Ин ниҳод гуфт, Давлатшозода дар асоси муроҷиати як ҷавонзан, сокини шаҳри Душанбе дастгир шуда, алфози қабеҳ ва амалу рафтори зиддиахлоқии номбурда, ки дар наворҳо сабт гардидаанд, исботи худро ёфтаанд.

“Зимни санҷиш муайян гардид, ки Давлатшозода Амир ҳангоми дар суроғаи ноҳияи Сино, кӯчаи Б.Ғафуров қарор доштан, нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ӯро дар назди атрофиён паст задааст”,- мегӯяд РВКД шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, ки нисбати Амир Давлатшозода бо иттиҳоми майдаавбошӣ (моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон) парвандаи маъмурӣ боз шуда, суди ноҳияи Сино ӯро 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.