Буҷети давлатии Тоҷикистон 40 млн доллар барзиёд иҷро шуд

Ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ зиёда аз 17,9 млрд сомонӣ (беш аз 1,7 млрд доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда ба андозаи 2,3% ё худ 411,4 млн сомонӣ (40 млн доллар) зиёдтар нисбат ба нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷет аст. Барзиёд иҷро шудани нақшаи буҷет ба афзоиши […]

Ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ зиёда аз 17,9 млрд сомонӣ (беш аз 1,7 млрд доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Ин нишондиҳанда ба андозаи 2,3% ё худ 411,4 млн сомонӣ (40 млн доллар) зиёдтар нисбат ба нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷет аст.

Барзиёд иҷро шудани нақшаи буҷет ба афзоиши даромад аз пардохти андозҳо рабт дода мешавад, ки ҳиссаи онҳо дар қисмати даромади буҷет 67,5%-ро ташкил додааст.

Болоравии нишондиҳандаҳои нақша дар навбати аввал, аз ҳисоби ААИ, аксиз ва андоз аз даромад (андоз аз даромад ва андоз аз фоидаи пешина) таъмин шуд.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 январи соли ҷорӣ Кодекси нави андоз мавриди амал қарор гирифта, мувофиқи он, меъёрҳо аз рӯи баъзе андозҳо поин рафтанд.

Масалан, меъёри стандартии ААИ, ки зиёда аз 40%-и маблағи даромад ба буҷетро ташкил медиҳад, аз 18% то 15% кам карда шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар соли 2022 афзоиши даромадҳо ба буҷетро ба андозаи 19,4% зиёд кунад.

Қобили зикр аст, ки қисмати даромади буҷети давлатӣ ба маблағи 33 млрд сомонӣ (2,5 млрд доллар) тасдиқ шудааст.

Сарчашмаҳои асосии воридоти маблағ ба буҷети Тоҷикистон ҳамеша андозҳо дониста мешаванд, ки ҳиссаи солонаи онҳо дар даромад ба “ҳамёни асосӣ”-и кишвар тайи даҳсолаи ахир (солҳои 2012-2021) ба ҳисоби миёна 68%-ро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.