Дар чемпионати каратэи ҷаҳон Тоҷикистон зинаи дуюмро ишғол кард

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба каратэ WKC, ки дар шаҳри Чебоксарии Русия доир гардид, мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқа байни дастаҳо медали нуқра ба даст овард. Мунтахаби Тоҷикистонро варзишгарон Бедил Қодирзода, Абдуллоҷон Гулов   ва Абдулматини Ҳидоятулло намояндагӣ карданд. Дар пойтахти Ҷумҳурии Чувашистон – Чебоксари рӯзҳои 19-22 август Чемпионати XIV байни кадетҳо, наврасон, калонсолон ва Ҷоми ҷаҳон […]

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба каратэ WKC, ки дар шаҳри Чебоксарии Русия доир гардид, мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқа байни дастаҳо медали нуқра ба даст овард.

Мунтахаби Тоҷикистонро варзишгарон Бедил Қодирзода, Абдуллоҷон Гулов   ва Абдулматини Ҳидоятулло намояндагӣ карданд.

Дар пойтахти Ҷумҳурии Чувашистон – Чебоксари рӯзҳои 19-22 август Чемпионати XIV байни кадетҳо, наврасон, калонсолон ва Ҷоми ҷаҳон миёни кӯдакони Конфедератсияи ҷаҳонии каратэ (WKC) баргузор шуд.

Дар мусобиқаҳо 829 нафар варзишгарон аз 14 кишвар ва қаламравҳои Аврупо, Осиё ва Африқо: Абхазия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Зимбабве, Ҳиндустон, Қазоқистон, Латвия, Русия (аз 21 минтақаи ин кишвар), Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Украина, Ҷопон ширкат варзиданд.

Дар доираи чемпионат инчунин Конфронси WKC доир гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Абдуллоев роҳбари ҳайати ҳакаммони WKC интихоб шуд.

Дар Конгресси байнулмилалии WKC ҷадвали чорабиниҳои расмии байнулмилалӣ барои солҳои 2023-2025 муқаррар шуд.

Мувофиқи нақша, Чемпионати кушод ва Ҷоми Осиё оид ба каратэ WKC дар соли 2025-ро шаҳри Душанбе қабул мекунад.    

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.