Имсол беш аз 200 ҳазор кӯдак ба синфи 1 мераванд

Тибқи маълумоти пешакӣ, имсол дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор кӯдак ба синфи 1 мераванд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад. Соли 2021 дар кишвар 240 ҳазор нафар ба синфи 1 рафта буданд. Манбаъ мегӯяд, айни замон дар мамлакат 3 ҳазору 940 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 млн 195 ҳазору […]

Тибқи маълумоти пешакӣ, имсол дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор кӯдак ба синфи 1 мераванд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад.

Соли 2021 дар кишвар 240 ҳазор нафар ба синфи 1 рафта буданд.

Манбаъ мегӯяд, айни замон дар мамлакат 3 ҳазору 940 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 млн 195 ҳазору 619 нафар хонанда фаъолият менамоянд ва ба онҳо 128 ҳазор 827 омӯзгор дарс медиҳанд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 19 июли соли равон, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буд, ки то 1 майи соли 2022 дар кишвар беш аз 3 ҳазору 400 нафар омӯзгор намерасад. Вале як моҳ нагузашта, вазорат рӯзи 8 август хабар дод, ки норасоии кадриро аз 3,4  ҳазор ба 544 нафар расониданд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар натиҷаи гузаронидани ситоди Вазорати маориф ва илм оид ба таъмин намудани мактабҳо бо омӯзгорон, ки 12 июл ба кор оғоз намуда буд, эҳтиёҷ ба омӯзгорон паст фароварда шуд.

Ҳоло дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 113 омӯзгор, вилояти Хатлон 25, вилояти Суғд 60,  шаҳри Душанбе 35 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 311 омӯзгор намерасад.

Ин дар ҳолест, ки то 1 майи соли равон, ВМКБ ба 169 нафар, вилояти Хатлон ба 852 нафар, вилояти Суғд ба 720 нафар, шаҳри Душанбе ба 159 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 1506 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доштанд.

Дар ҳамин ҳол, гуфта нашудааст, ки норасоии омӯзгорон аз кадом ҳисоб кам карда шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар кишвар таътили тобистона дар мактабҳо давом дорад ва бештари омӯзгорон то моҳи сентябр ва октябр ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

Дар ҳамин ҳол, худи омӯзгорон мегӯянд, маҳз маоши паст ва ҷорӣ нагардидани имтиёзҳое ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мешавад, яке аз сабабҳои тарки соҳа карданашон мебошад.

Зимнан, вазири маориф ва илм дар нишасти матбуотии моҳи июл гуфта буд, ки имсол беш аз 14 ҳазор  донишҷӯ риштаи омузгориро хатм мекунанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 7 ҳазорашон тариқи ройгон таҳсил мекунанд. Ӯ афзуд, нафароне, ки аз ҳисоби буҷа таҳсил мекунанд, бояд ҳатман баъди хатм бо кор таъмин карда шаванд.

Вазорати маориф ва илм изҳори боварӣ карда буд, ки то оғози соли таҳсили 2022-2023 норасоии кадриро пурра баратараф мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.