Рӯзи дониш. Пагоҳ кадом роҳҳо баста мешавад?

Пагоҳ, 1 сентябр ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе муваққатан маҳдуд мешавад: роҳ аз хиёбони Исмоилӣ Сомонӣ то хиёбони Абӯалӣ Ибни Сино (Қарияи Боло) баста мешавад. Дар ин бора аз Раёсати БДА-и шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Манбаъ гуфт, баста шудани роҳ ба ширкати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар кушодавшавии чанде аз биноҳо, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Пагоҳ, 1 сентябр ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе муваққатан маҳдуд мешавад: роҳ аз хиёбони Исмоилӣ Сомонӣ то хиёбони Абӯалӣ Ибни Сино (Қарияи Боло) баста мешавад. Дар ин бора аз Раёсати БДА-и шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, баста шудани роҳ ба ширкати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар кушодавшавии чанде аз биноҳо, аз ҷумла бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ва суханронӣ дар назди донишҷён ва омӯзгорон, ки ба ифтихори 1 сентябр дарси сулҳ сурат мегирад, рабт дорад.

Гуфта мешавад, ки роҳи мошингард дар масири хиёбони Исмоилӣ Сомонӣ, Саъдӣ Шерозӣ, кӯчаҳои Маяковский, Низомии Ганҷавӣ ва хиёбони Сино баста мешавад.

Раёсати БДА-и пойтахт аз сокинон ва меҳмонони пойтахт дархост мекунад, ки ин омилҳоро ба назар гирифта, зимни ба ҷое рафтан аз роҳи кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.