Дар Душанбе рушди ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд

Дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони Ӯзбекистон дар доираи “Моҳи амалиёти иқлими сабз” дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) рӯзи 31 август дар мавзӯи “Иқтидори рушди ҳамкориҳои байнисарҳадӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (ҲТММ) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии […]

Дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони Ӯзбекистон дар доираи “Моҳи амалиёти иқлими сабз” дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) рӯзи 31 август дар мавзӯи “Иқтидори рушди ҳамкориҳои байнисарҳадӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (ҲТММ) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон”мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ аз ду кишвар иштирок доранд. 

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Сӯфиҷон ҳусни оғоз бахшид.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки мизи гирди  имрӯза идомаи чорабиниҳои амалӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба экология дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва самаранок истифодабарии табиат, ки 2 июни соли 2022 зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ш. Тошканд ба имзо расида буд, ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон доир ба ташрифи мутахассисони тоҷику ӯзбек ба кишварҳои ҳамдигар ишора гардид. Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2021 намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро бо таҷрибаи кишвари ҳамсоя дар самти идоракунии партовҳо ошно шуданд.

Мутахассисони ӯзбекистонӣ давоми рӯзҳои 4 то 11 майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф оварда, бо вазъи мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои ноҳияҳои тобеи марказ, мамнуъгоҳи “Даштиҷум”- н.Ш. Шоҳин, парваришгоҳи “Хуталон”-и н. Данғара ва аз н. Дарвоз  ошноӣ пайдо карданд. 

Намояндаи и Ӯзбекистон Б. Маҳмудов зимни суханронӣ қайд намуд, ки кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои якчанд конвенсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ, конвенсияҳои Бонн ва Ромсар  ҳастанд.

Дар шароити тағйирёбии иқлим кишварҳои моро зарур аст, ки баҳри ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳо, ландшафтҳо ва олами набототу ҳайвонот саъю талош намоем. Ба натиҷаҳои назаррас  танҳо дар асосии ҳамкории минтақавӣ метавон  ноил гашт.

Пас аз маросими муқаддимавӣ мутахассисони тоҷик бо ҳамтоёни ӯзбекистониашон дар бораи ҳолати мамнӯъгоҳҳои кишварҳо ва дурнамои  барои ҳамкориҳои байнисарҳадӣ изҳори назар намуданд.

Ёдрас мешавад, ки дар идомаи сафари кории меҳмонон, ки аз 31 август то 3 сентябр идома мекунад, аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба парки табиӣ таърихии Ширкент сафар карда, меҳмононро бо ҳолати парки Ширкент ошно мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.