Дар фурудгоҳи Тошканд аз бағочи мусофир 50 крокодили зинда дарёфт шуд

Дар бағочи мусофири яке аз хатсайрҳо, ки ба фурудгоҳи Тошканд омад, 50 тимсоҳчаҳо (крокодилҳо)-и зинда дарёфт шуд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон. Бино ба маълумоти Кумита, мард тимсоҳчаҳоро дар якчанд контейнерҳои пластикӣ байни сабзиву лимон ва банан, инчунин дигар сабзавоту мева пинҳон кардааст. Контейнерҳо бо фолга печонида шуда буданд, то ки азназаргузаронии онҳо ва […]

Asia-Plus

Дар бағочи мусофири яке аз хатсайрҳо, ки ба фурудгоҳи Тошканд омад, 50 тимсоҳчаҳо (крокодилҳо)-и зинда дарёфт шуд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон.

Бино ба маълумоти Кумита, мард тимсоҳчаҳоро дар якчанд контейнерҳои пластикӣ байни сабзиву лимон ва банан, инчунин дигар сабзавоту мева пинҳон кардааст.

Контейнерҳо бо фолга печонида шуда буданд, то ки азназаргузаронии онҳо ва сабти ҳаракати тимсоҳҳо дар сканер душвор шавад.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел тафтишот роҳандозӣ шуда, сабабҳои бо кадом мақсад ба Ӯзбекистон овардани ин миқдор тимсоҳча таҳқиқ мешавад.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар Ӯзбекистон нигаҳдории ҳайвоноти ваҳшӣ ва заҳрнокро дар хонаҳо бидуни иҷозати Кумитаи давлатии экология манъ кардан мехоҳанд.

Дар лоиҳаи қонун ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ худсарона нигаҳдории ҳайвоноти ваҳшӣ ва заҳрнок бидуни иҷозатномаи Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зист манъ мешавад. Рӯйхати ҳайвоноти манъшуда аз ҷониби Девони вазирон тасдиқ карда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.