“Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад?” Тоқаев мехоҳад як нафар як бор президент бошад

Date:

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 1-уми сентябр дар паёми навбатии худ ба таври ғайриинтизор хабар дод, ки тирамоҳи имсол дар кишвараш интихоботи пешазмӯҳлати президентӣ баргузор хоҳад шуд.

Дар шарҳи ин ташаббуси худ Тоқаев гуфт, «барои амалисозии муваффақонаи маҷмӯи ислоҳот дар роҳи бунёди Қазоқистони одилона мандати нави боэътимоди мардум зарур аст".

Нуктаи муҳим ва ҷолибе, ки дар ин суханронӣ садо дод ва таваҷҷӯҳи коршиносонро ҷалб намуд, дар хусуси коҳиши давраи президенӣ дар ин кишвар буд.

Тоқаев пешниҳод кард, ки мӯҳлати президентӣ “бо як давраи ҳафтсола маҳдуд ва интихоби дубораи як нафар ба мансаби президентӣ манъ карда шавад».

Изҳорот ва пешниҳоди ғайримунтазираи Тоқаев дар доираҳои сиёсии минтақа андешаҳои гуногунро ба миён овард ва ”Asia-Plus” барои шарҳи ин иқдом назари коршиносонро пурсид.

 

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик:

– Ин изҳороти Қосимҷомарт Тоқаев чанд сабаб дорад. Пеш аз ҳама, ин ба сатҳи эътимоди мардум вобаста аст. Ҳоло сатҳи эътимоднокӣ ба Тоқаев дар кишвар хеле зиёд аст. Яъне, агар интихобот дар ин тирамоҳ баргузор шавад, ӯ бе ягон душворӣ боз пирӯзӣ ба даст хоҳад овард.

Бо назардошти бӯҳрон ва душвориҳои иқтисодӣ эҳтимол аст, ки дар оянда мизони эътимод ба Тоқаев коҳиш ёбад. Аз ин лиҳоз, баргузории ҳар чи зудтари интихобот ба манфиати президенти кунунӣ хоҳад буд.

Дуввум, дар вазъияти имрӯза, Тоқаев дар дохили кишвар ягон рақиби сиёсии ҷиддӣ надорад. Клан ва хешу табори Нурсултон Назарбоев, президенти қаблии Қазоқистон, шикаст хӯрданд. Нерӯҳо ва роҳбарони обрӯманди сиёсии дигар то ҳол пайдо ва ё  сарҷамъ нашудаанд. Шояд пас аз ду-се сол вазъияти сиёсии кишвар тағйир ёбад, вале имрӯз тавозуни нерӯҳои сиёсӣ пурра ба манфиати Тоқаев аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Парвиз Муллоҷонов

Ҳамчунин, Қосимҷомарт Тоқаев талош дорад, худро аз пешгомаш Назарбоев ва тими ӯ ҳарчи бештар канор гирифта, ҳаводоронашро дар кишвар ҳар чӣ бештар намояд.

Эҳтимол, барои ҳамин пешниҳод кард, ки мӯҳлати президентӣ бо як давраи ҳафтсола маҳдуд ва интихоби дубораи як нафар ба мансаби президентӣ манъ карда шавад.

Аз сӯи дигар, шояд бо назардошти омили синнусолӣ чунин пешниҳод карда бошад, зеро ӯ дарк мекунад, ки беш аз ҳафт сол наметавонад дар қудрат бимонад. Вагарна, ташкили як райъпурсии нав ва ба сирф баробар кардани давраи қаблии президентиаш душвор нест.

Ҳамчунин, эҳтимоли ҳар лаҳза баргузор кардани райъпурсӣ ва тағйири сарқонун аз ҷониби президенти ояндаи Қазоқистон боқӣ мемонад.

 

Андрей Чеботарёв, сиёсатшиноси қазоқ:

Аввалан, моҳи январи соли равон ӯ амалан “миёни ду оташ” қарор гирифт: аз як ҷониб шаҳрвандоне, ки ба таври бесобиқа алайҳи нобаробарии иҷтимоӣ ва беадолатӣ дар тамоми минтақаҳо эътироз мекарданд, аз ҷониби дигар намояндагони нухбагони ҳоким, ки талош доштанд аз ҳолати баамаломада барои иваз кардани роҳбарияти ҷумҳурӣ истифода кунанд. Новобаста ба вазъи босуботи минбаъда ва баргузории ислоҳоти конститутсионии ҷиддӣ, хатари эҳтимолии такрори нооромиҳо боқӣ мемонад.

Дуюм, на ҳамаи мансабдорон, вакилони парлумон, судяҳо ва кормандони мақомоти қудратӣ даъвати роҳбари давлатро дар мавриди бунёди Қазоқистони нав хуш пазируфтанд. Теъдоде барои андешаи муҳофизакоронаи хеш ва адами хоҳиши тағйири чизе дар ҳаёти худу давлат, дигарон аз тарси аз даст додани ҷойи “равғанӣ”, махсусан онҳое, ки бо фасод олуда ҳастанд, муқобили ин пешниҳод ҳастанд. Сеюмӣ, аз беҳунарӣ ва надонистани роҳу усули амалигардонии андешаҳои роҳбари давлат. Вобаста ба ин, доираи одамоне, ки Тоқаев метавонад ба онҳо такя кунад, хеле маҳдуд аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Андрей Чеботарёв

Сеюм, вазъияти мураккаб ва пешгӯинашаванда дар соҳаи сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ. Бо вуҷуди идомаи сиёсати хориҷии бисёрқутба ва хоҳиши бетараф мондан дар низоъҳои мухталифи байналмилалӣ, Қазоқистон ба далели як қатор омилҳои воқеӣ оқибатҳои ҷиддии “ҷанги таҳримӣ” миёни Русия ва Ғарбро эҳсос мекунад. Хавфҳои эҳтимолӣ барои ин кишвар ва тамоми Осиёи Марказӣ ҳамчунин афзоиши шиддати муносибатҳо байни Чину Амрико ва вазъи номуайян дар Афғонистон, пас аз бозгашти Толибон ба қудратро дар бар мегирад.

Чорум, Қазоқистон таҳти роҳбарии Қосимҷомарт Тоқаев марҳилаи хеле номуайяни рушди худро аз сар мегузаронад, ки дар он унсурҳои таҳаввулот, ислоҳот ва вокуниши зиддибӯҳронӣ ба ҳам мувофиқ меоянд. Ба сурати умум, Тоқаев ҳамчун сарвари комилҳуқуқи давлат, ки қарорҳои муҳим қабул намуда, бори масъулияти онҳоро бар дӯш дорад, танҳо дар соли ҷорӣ бо барҳам додани “дуҳокимиятӣ” дар низоми ҳокимияти давлатӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Давоми солҳои 2019-2021 имконоти ӯ дар ҳалли бисёр масъалаҳо маҳдуд буд. Тақрибан, нисфи мӯҳлати ваколати ӯ на ба коре сарф шуд, ки онро ба нақша гирифтаву зимни сари вазифа омаданаш дар соли 2019 расман эълон карда буд. Интихоби пешбинишавандаи дубора дар як давраи нав имконест ба ӯ, ки фурсати аздастрафтаро бозгардонида, барои кишвар корҳои зиёдеро анҷом диҳад.

Ҳамзамон, Қосимҷомарт Тоқаев комилан дарк мекунад, ки тасмимҳои ӯ метавонад ба интиқод дар миёни гурӯҳҳои эътирозии Қазоқистон ва ҳамчунин сохторҳои байналмилалӣ, аз қабили Иттиҳоди Аврупо ва САҲА боис гардад.

Аммо аксар мухолифон дар гузашта ӯро барои сустӣ, устувор набудан дар қабули қарор, номуназзамӣ ва ғайра интиқод мекарданд. Ҳамин тавр, ӯ бо амалҳои кунунии худ, воқеан ин гуна ҳамла ва арзёбиҳоро рад мекунад. Илова бар ин, президент ба интихоботи нав на ҳамчун вориси Нурсултон Назарбоев бо пуштибонии ӯ, балки ҳамчун шахсияти мустақили сиёсӣ хоҳад рафт.

Дар ниҳояти кор, сарвари давлат ба эътимоди шаҳрвандон, ки аз рӯи натиҷаҳои раъйпурсии ҷумҳуриявии рӯзи 5 июн ба даст оварда шуд, умедвор аст. Ҳамчунин, ӯ онро бо тадбирҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоиву иқтисодии нав эълоншуда мукаммал месозад. Аз ин рӯ, изҳороти ҳангомаангези имрӯзаи Қосимҷомарт Тоқаев мантиқи сиёсии худро дорад.

 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...