Филми коргардони тоҷик дар Ҷашнвораи Қазон мукофот гирифт

Date:

Филми ҳунарии кӯтоҳмуддати “Додаракаи фариштаҳои”-и коргардон Умедшо Мирзоширинов дар Ҷашнвораи XVIII байнулмилалии кинои мусулмонии Қазон ба мукофот сазовор дониста шуд. Филм ба ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳмуддат” шарафёб гардид.

Ҷашнвораи XVIII байнулмилалии кинои мусулмонӣ дар Қазон аз 7 то 11 сентябри соли равон доир гардид.

МЕДИА (IFRAME)

Ҷашнвораи байнулмилалии кинои мусулмонии Қазон ба охир расид. “Додараки фариштаҳо” дар номинатсияи филми ҳунарии кӯтоҳмуддат бо ҷоиза қадрдонӣ шуд. Изҳори миннатдорӣ ба ҳамаи он касоне, ки дар таҳияи он иштирок карданд”, – навиштааст Мирзоширинов дар саҳифаи худ дар Facebook.

Сюжети филми 26-дақиқагии “Додараки фариштаҳо” ба ҳикояи Сайф Раҳимзод асос ёфта, дар бораи писарчаи хурдсоли дорои иродаи қавӣ қисса мекунад, ки волидонашро беҳад дӯст медораду барояшон ба ҳар кор қодир аст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Қобили зикр аст, ки Ҷашнвораи байнулмилалии кинои мусулмонии Қазон аз соли 2005 дар Тотористон баргузор мешавад. Созмондиҳандагони чорабинӣ Вазорати фарҳанги Тотористон, шаҳрдории Қазон ва Шӯрои муфтиёти Русия мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...