Филми коргардони тоҷик дар Ҷашнвораи Қазон мукофот гирифт

Филми ҳунарии кӯтоҳмуддати “Додаракаи фариштаҳои”-и коргардон Умедшо Мирзоширинов дар Ҷашнвораи XVIII байнулмилалии кинои мусулмонии Қазон ба мукофот сазовор дониста шуд. Филм ба ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳмуддат” шарафёб гардид. Ҷашнвораи XVIII байнулмилалии кинои мусулмонӣ дар Қазон аз 7 то 11 сентябри соли равон доир гардид. Ҷашнвораи байнулмилалии кинои мусулмонии Қазон ба охир расид. “Додараки фариштаҳо” […]

Филми ҳунарии кӯтоҳмуддати “Додаракаи фариштаҳои”-и коргардон Умедшо Мирзоширинов дар Ҷашнвораи XVIII байнулмилалии кинои мусулмонии Қазон ба мукофот сазовор дониста шуд. Филм ба ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳмуддат” шарафёб гардид.

Ҷашнвораи XVIII байнулмилалии кинои мусулмонӣ дар Қазон аз 7 то 11 сентябри соли равон доир гардид.

Ҷашнвораи байнулмилалии кинои мусулмонии Қазон ба охир расид. “Додараки фариштаҳо” дар номинатсияи филми ҳунарии кӯтоҳмуддат бо ҷоиза қадрдонӣ шуд. Изҳори миннатдорӣ ба ҳамаи он касоне, ки дар таҳияи он иштирок карданд”, – навиштааст Мирзоширинов дар саҳифаи худ дар Facebook.

Сюжети филми 26-дақиқагии “Додараки фариштаҳо” ба ҳикояи Сайф Раҳимзод асос ёфта, дар бораи писарчаи хурдсоли дорои иродаи қавӣ қисса мекунад, ки волидонашро беҳад дӯст медораду барояшон ба ҳар кор қодир аст.

Қобили зикр аст, ки Ҷашнвораи байнулмилалии кинои мусулмонии Қазон аз соли 2005 дар Тотористон баргузор мешавад. Созмондиҳандагони чорабинӣ Вазорати фарҳанги Тотористон, шаҳрдории Қазон ва Шӯрои муфтиёти Русия мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.