Наздикони модари кушташуда мехоҳанд келинашон бо моддаи “одамкушӣ” ҳабс шавад

Наздикони як зани 58-сола дар Душанбе, ки гуфта мешавад аз сӯи келини 22-солааш бо чанд зарби корд кушта шудааст, аз таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ норозианд ва даъво доранд, ки келини хонадон бо моддаи "одамкушӣ" ҳабс шавад. Наздикони Зинатбибӣ Носирова, бо ирсоли як мактуб ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ки нусхаи он ба дасти “Азия-Плюс” низ расид, гуфтаанд, […]

Наздикони як зани 58-сола дар Душанбе, ки гуфта мешавад аз сӯи келини 22-солааш бо чанд зарби корд кушта шудааст, аз таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ норозианд ва даъво доранд, ки келини хонадон бо моддаи "одамкушӣ" ҳабс шавад.

Наздикони Зинатбибӣ Носирова, бо ирсоли як мактуб ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ки нусхаи он ба дасти “Азия-Плюс” низ расид, гуфтаанд, ки рӯзи 23 майи соли равон Зинатбибӣ Носирова дар хонаи худ бар асари муноқиша аз сӯи келини хонадон Фозила Салимоваи 22-сола бо 27 зарби корди хоҷагӣ кушта шудааст.

Фарзона Мусоева, духтари Зинатбибӣ Носирова дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” аз таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ шикоят карда, афзуд, дар аввал нисбати Фозила Салимова бо моддаи 104 қисми 1 (одамкушӣ) парванда боз шуд, вале дар охир муфаттишон ба хулосаи экспертизаи психологӣ такя намуда, парвандаро бо моддаи 106 қисми 1 (одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ) бандубаст карданд, ки аз ин онҳо розӣ нестанд.

“Салимова Ф.Ҳ. модари маро бераҳмона, дар ҳолати хуб буда, бо мақсади куштор зада куштааст. Дар баёнотҳои аввалини Салимова Ф. гуфта шудааст, ки гӯё ӯ дар вақти содир намудани ҷинояти мазкур дар ҳолати сахти рӯҳӣ қарор доштааст, ки ин дурӯғи маҳз мебошад. Аз замони содир намудани ҷиноят ва то замони ҳозир Салимова ҳама ҳаракат ва кирдорҳои худро пурра ва дуруст дарк мекунад”, – гуфта мешавад дар мактубе, ки ба прокуратура ирсол шудааст.

Онҳо даъво доранд, ки муноқиша байни хушдоман ва келин бар асари баҳси хона сар задааст ва келини хонадон мехост, “ҳамроҳи шавҳару кӯдаконаш дар хонаи алоҳида зиндагӣ намояд”.

“Аммо марҳум модарам ба ин ҳолат зид  набуд, фақат ҳамин, ки бародарам ба фаъолияти мусофиркашонӣ (таксӣ) машғул буд ва он қадар манбаи даромади хуб надошта, аз уҳдаи зиндагониаш намебаромад”, – навиштаанд наздикони Носирова.

Онҳо гуфтаанд, дар се соле, ки Фозила Салимова келини хонадон буд, бо марҳум Носирова муносибати бад надошт ва дар ин муддат ҳолати руҳиву равонии Салимова Ф. хуб буд, танҳо се-чор маротиба қаҳр карда ба хонаи падару модараш рафт, ки боз баргашт.

Аз Прокуратураи генералӣ Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки нисбати Фозила Салимова парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, вале бо кадом модда шарҳе надоданд.

Дар посухи катбие, ки аз додситонӣ ба “Азия-Плюс” ворид шуд, гуфта мешавад, ки “тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати Салимова Ф. Ҳ. аз тарафи прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ ба анҷом расонида шуда, ба суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол шудааст”.

Аз шуъбаи парвандаҳои ҷиноятии Суди ноҳияи Фирдавсӣ тасдиқ карданд, ки чунин парванда бо моддаи 106 ба суд ворид шуда, дар ҳоли баррасӣ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.