ИМА ба тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахши амният умедвор аст

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ният дорад, ки ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон  дар бахши амният ва пешбурди озодиҳои бунёдӣ тақвият бахшад. Дар ин бора дар изҳороти табрикии котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба муносибати 31-юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон изҳори назар шудааст. Бино ба иттилои сомонаи намояндагии дипломатии ИМА, дар изҳорот зикр мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида ва […]

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ният дорад, ки ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон  дар бахши амният ва пешбурди озодиҳои бунёдӣ тақвият бахшад. Дар ин бора дар изҳороти табрикии котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба муносибати 31-юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон изҳори назар шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи намояндагии дипломатии ИМА, дар изҳорот зикр мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон як шарики қавии мубтанӣ бар ҳадафҳои муштарак, робитаҳои мухталифи фарҳангӣ ва мардумӣ, уҳдадориҳои мубориза бо таҳдидоти террористӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа ва саросари ҷаҳон бунёд кардаанд.

“Мо ба тақвияти ҳамкориҳо дар бахши амният ва пешбурди озодиҳои бунёдӣ умедвор ҳастем, зеро ин асоси ҷомеаи босабот ва шукуфон аст”, – омадааст дар изҳороти Энтони Блинкен.

Котиби давлатии ИМА изҳори итминон кардааст, ки  робитаҳои минтақаии мо дар чорчуби C5 + 1 танҳо бо мушорикат дар талошҳо барои муқобила бо тағйироти иқлимӣ, расидагӣ ба масъалаҳои ҳуқуқи башар ва шиносоии имкониятҳои тиҷоративу сармоягузорӣ тақвият хоҳад ёфт.

“Сарфи назар аз он ки ҳар ду кишвари мо дар соли гузашта ба далели тағироти ҷаҳонӣ бо мушкилот рӯбарӯ шуданд, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба суботу шукуфоии Тоҷикистон содиқ аст”, – илова шудааст дар фарҷоми изҳорот.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.