Паҳлавони тоҷик ба медали тиллои “Ҷоми поягузорони самбо” соҳиб шуд

Паҳлавони маъруфи кишвар Акмалиддин Каримов дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми поягузорони самбо”, ки 10-11 сентябр дар шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни -58кг медали тило ба даст овард. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, “Ҷоми поягузорони самбо” қаблан ба хотираи Анатолий Харлампиев доир мегашт. Дар мусобиқа дастаи […]

Паҳлавони маъруфи кишвар Акмалиддин Каримов дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми поягузорони самбо”, ки 10-11 сентябр дар шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни -58кг медали тило ба даст овард.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, “Ҷоми поягузорони самбо” қаблан ба хотираи Анатолий Харлампиев доир мегашт. Дар мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 11 варзишгар ширкат карданд.

Гуфта мешавад, Акмалиддин Каримов дар самбои варзишӣ, дар вазни -58кг, ки 16 иштироккунанда буд, дар финал Харун Тлишеви русиягиро мағлуб кард ва сазовори медали тило шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳисоби даставӣ оид ба самбои варзишӣ миёни мардон мунтахаби Тоҷикистон баъди дастаи мизбон – Русия, ки дар шаш вазни дигар ғолиб омад, мақоми дуюмро касб кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.