Гумонбарии муҳосиби як мактаби Кӯлоб ба азхудкунии қариб 900 ҳазор сомонӣ

Муҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Кӯлоб Абдуҷабор Холиқов ба гумони даст доштан дар азхудкунии қариб 900 ҳазор сомонӣ боздошт шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, замони ифои вазифа дар ин мансаб ӯ бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳисибӣ дар бораи музди меҳнати кормандон 892,9 ҳазор сомониро азхуд намуда, барои эҳтиёҷоти […]

Муҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Кӯлоб Абдуҷабор Холиқов ба гумони даст доштан дар азхудкунии қариб 900 ҳазор сомонӣ боздошт шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, замони ифои вазифа дар ин мансаб ӯ бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳисибӣ дар бораи музди меҳнати кормандон 892,9 ҳазор сомониро азхуд намуда, барои эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.

Дар хабари Агентӣ доир ба дар кадом давра азхуд шудани ин маблағ ва кай боздошт шудани мансабдор хабар дода намешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбат ба Холиқов мутобиқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ва камомад) ва 323 (Сохтакории хидматӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.