Оғози мурофиа. Мудири маориф барои ирсоли видео ба ҲНИТ* гумонбар аст

Мурофиаи додгоҳии собиқ мудири маорифи ноҳияи Панҷ Мавлуда Боймуродзода, ки барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом айбдор мешавад, оғоз ёфтааст. Дар ин бора аз Суди вилояти Хатлон хабар доданд. Бино бар иттилои манбаъ, мурофиаи судӣ таҳти раисии судияи Суди вилояти Хатлон Аҳлиддин Назарзода ҷараён дорад. Мавлуда Боймуродзода бо моддаи 307 қисми 2 […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Мурофиаи додгоҳии собиқ мудири маорифи ноҳияи Панҷ Мавлуда Боймуродзода, ки барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом айбдор мешавад, оғоз ёфтааст. Дар ин бора аз Суди вилояти Хатлон хабар доданд.

Бино бар иттилои манбаъ, мурофиаи судӣ таҳти раисии судияи Суди вилояти Хатлон Аҳлиддин Назарзода ҷараён дорад.

Мавлуда Боймуродзода бо моддаи 307 қисми 2 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) ва 346 (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурўғ) Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста мешавад.

Ҳамроҳ бо Мавлуда Боймуродзода, ҳамчунин, Абдураҳмон Изатуллозода, навобардор – ҳамкори ТВ “Ҷаҳонамо” дар ноҳияи Панҷ, Ҷалол Зоидов, собиқ корманди идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва як шаҳрванди дигар Мамед Шералиев низ дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Ба гуфтаи як манбаъи огоҳ аз раванди парванда, ин нафарон барои ирсоли наворҳои чорабиниҳои ноҳия ба намояндаҳои ҲНИТ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, айбдор мегарданд.

Аз Суди вилоят гуфтанд, ки судшавандаҳо қисман худро гунаҳгор меҳисобанд, аммо маълумоти дақиқ ироа накарданд.

Дар ҳамин ҳол, Нурулло Маҷидов, адвокати Мавлуда Боймуродзода дар як суҳбати телефонӣ гуфт, ки зерҳимояаш худро гунаҳгор намеҳисобад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.