Дар Тамбов як зани шаҳрванди Тоҷикистонро барои порадиҳӣ ҷарима карданд

Суди шаҳри Тамбов як зани 54-солаи шаҳрванди Тоҷикистонро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 291 Кодекси ҷиноятии Русия, қисми 1 (пешниҳоди пора ба шахси мансабдор) гунаҳкор донист. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти прокуратураи ноҳияи Советскийи Тамбов, ин зан моҳи июли соли ҷорӣ боздошт шудааст. “Зан ба порадиҳӣ айбдор дониста шуд. Ӯ ба корманди шуъбаи муҳоҷират […]

Инна Алишина, Asia-Plus

Суди шаҳри Тамбов як зани 54-солаи шаҳрванди Тоҷикистонро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 291 Кодекси ҷиноятии Русия, қисми 1 (пешниҳоди пора ба шахси мансабдор) гунаҳкор донист.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти прокуратураи ноҳияи Советскийи Тамбов, ин зан моҳи июли соли ҷорӣ боздошт шудааст.

“Зан ба порадиҳӣ айбдор дониста шуд. Ӯ ба корманди шуъбаи муҳоҷират лифофаеро бо 10 ҳазор рубл ва куртаи арзишаш 1 805 рубл, инчунин хатча бо дархости кумак барои гирфтани шаҳрвандии Русия медиҳад”, – омадааст дар хабари прокуратура.

Гуфта мешавад, дар бораи далели коррупсия як зани корманди шуъбаи муҳоҷират, ки лифофа ба ӯ дода шудааст, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад.

Зикр мегардад, ки айбдоршаванда ба маблағи 20 ҳазор рубл ҷарима шуда, пул ва моли барои пора пешиҳодгардида мусодира ва ба фоидаи давлат гузаронида шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.