Байни Хуҷанд ва Фарғона хатсайри ҳавоӣ боз мешавад

Намояндагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон ба созиш расиданд. Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки шумори хатсайрҳи автобусҳои мусофирбар низ зиёд карда шавад. Ин созиш дар доираи форуми тиҷоратии доираҳои кории вилоятҳои Суғд ва Фарғона ҳосил шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона. Қобили […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Намояндагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон ба созиш расиданд. Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки шумори хатсайрҳи автобусҳои мусофирбар низ зиёд карда шавад.

Ин созиш дар доираи форуми тиҷоратии доираҳои кории вилоятҳои Суғд ва Фарғона ҳосил шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона.

Қобили зикр аст, ки масофаи роҳ байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Фарғона 173 километрро ташкил медиҳад.

Дар бораи ҷадвали парвозҳо тариқи ин хатсайр ва арзиши билетҳо ба он маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш як ҳайати вилояти Фарғона ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои ҷашни Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон аз вилояти Суғд боздид намуд.

Дар чаҳорчӯби сафари ин ҳайат форуми тиҷоратии доираҳои кории вилоятҳои Суғд ва Фарғона доир гардида, 12 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар гуфтушунидҳо рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати нассоҷӣ, сохтмон, коркарди пӯсту истеҳсоли пойафзол, бахши кишоварзӣ ва фарҳанг муҳим арзёбӣ шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.