Даври 1-уми мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё (U-20): Тоҷикистон Сингапур – 0:0

Бозии даври 1-уми мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё  байни ҷавонон (U-20) миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сингапур мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бозӣ бо бартарияти пурраи футболбозони тоҷик сурат гирифта, лекин муяясар нашуд, ки ба дарвозаи ҳарифон тӯб ворид кунанд. Дар дақиқаи 62-юми бозӣ футболбозони тоҷик зарбаи […]

Бозии даври 1-уми мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё  байни ҷавонон (U-20) миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сингапур мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бозӣ бо бартарияти пурраи футболбозони тоҷик сурат гирифта, лекин муяясар нашуд, ки ба дарвозаи ҳарифон тӯб ворид кунанд. Дар дақиқаи 62-юми бозӣ футболбозони тоҷик зарбаи 11-метраро низ ба ҳадаф расонида натавонистанд.

Гуфта мешавад, дар бозии дигари гурӯҳи «I» футболбозони ҷавони Лубнон тими Қамбоҷаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд.

Ду бозии боқимондаи дастаи Тоҷикистон рӯзҳои 16 сентябр бо Лубнон ва 18 сентябр – бо Камбоҷа доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки ҳамаи бозиҳои мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё (U-20) дар гурӯҳи «I» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқот ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон доир мешавад, роҳ меёбанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвал пас аз 1 давр:

Бозиҳои боқимонда дар гурӯҳ:

Даври 2-юм

16 сентябр (ҷумъа)

17:00 – Сингапур – Камбоҷа

20:00 – Лубнон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3-юм

18 сентябр (якшанбе)

17:00 – Лубнон – Сингапур

20:00 – ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.