Си Ҷинпин ба Эмомалӣ Раҳмон: Нигаронии Тоҷикистонро дар масъалаи Афғонистон дарк мекунем

Имрӯз, 15-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шонгҳой дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Си Ҷинпин мулоқот намуд. Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, саноат, энергетика ва […]

Имрӯз, 15-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шонгҳой дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Си Ҷинпин мулоқот намуд.

Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, саноат, энергетика ва технологияҳои нав, дар бахшҳои иқтисодиёти рақамӣ ва “рушди сабз” таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар ин зимн, алоқамандии ҷониби Чин ба иштирок дар татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО Роғун, таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии Ширкати алюминии тоҷик “ТАЛКО”, ҳамчунин татбиқи ҳарчи зудтари марҳаллаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма дар қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ – Рӯшон ва таҳияи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Хоруғ – Қулма иброз гардид.

Сарони давлатҳо, ҳамчунин, доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар робита ба рушди авзоъ дар Афғонистон табодули афкор намуданд.

Си Ҷинпин изҳор дошт, ки Чин нигаронии Тоҷикистонро оид ба вазъи Афғонистон ва мушкилоти минтақавии вобаста ба онро ба хуби дарк менамояд ва омодаи идомаи ҳамкориҳои зич дар арсаи амниятӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳадот бо ин кишвари ҳамсоя мебошад.

Дар ҳошияи мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин дар ҳузури  Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

🔸️Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар соҳаи рушди сабз байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;

🔸️Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ дар самти иқтисоди рақамӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;

🔸️Протоколи иловагӣ оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаҳои қисман асосии марҳилаи дуюми шоҳроҳи Душанбе-Кулма.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.