Даргирии нав дар сарҳад. Тирпарронӣ ба минтақаҳои дигар кӯчид

Субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона, бо истифода аз силоҳҳои вазнин, дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ додаанд. “16 сентябри соли 2022, тахминан соати 04:50-дақиқаи […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона, бо истифода аз силоҳҳои вазнин, дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ додаанд.

“16 сентябри соли 2022, тахминан соати 04:50-дақиқаи субҳ, сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Ҳамзамон, хизматчиёни низомии Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои вазнин деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд”, – гуфта мешавад дар изҳороти Қӯшунҳои сарҳадотии КДАМ.

Ҳамчунин, дар изҳороти Қӯшунҳои сарҳадотии КДАМ таъкид гардидааст, ки “новобаста аз он ки соати 06:30-дақиқаи субҳ  ҷонибҳо оид ба эълони оташбас ба мувофиқа расида буданд, хизматчиёни низомии Ҷумҳурии Қирғизистон онро риоя накарда, аз тамоми намуди силоҳҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон тирпаррониро идома дода истодаанд”.

Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳаллӣ аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ низ ба "Азия-Плюс" хабар доданд, ки садои тир дар чанд минтақа шунида мешавад.

"Садои тир то рафт баланд мешавад, аҳолӣ худро ба ҷойҳои бехавф гирифта истодаанд",- гуфт як сокини маҳаллӣ.

Хадамоти сарҳадбонии КДАМ-и Қирғизистон низ бо нашри изҳорот дар оғози тарпарронии нав ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор кардааст.

Изҳороти Хадамоти сарҳадбонии КДАМ-и Қирғизистонро хабаргузории “24kg” нашр карда, навиштааст, ки “16-уми сентябр якбора дар чанд қитъаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон тирпарронӣ оғоз гардид”.

Дар изҳороти Хадамоти сарҳадбонии КДАМ-и Қирғизистон гуфта мешавад, ки “тахминан соатҳои 6-и субҳ ҷониби Тоҷикистон ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар минтақаҳои Эки-Тош, Чир-Добо, Қум-Мазор ва Орто-Боз оташ кушоданд. Соати 6:30 ҷониби Тоҷикистон ба гулӯлаборони қитъаи сарҳадии дидбонгоҳи “Кӯк-тош”-и отряди сарҳадии Баткент оғоз намуд. Соати 7:15 низомиёни тоҷик ба самти дидбонгоҳи сарҳадии «Самарқандак» оташ кушоданд”.

То ҳол дар бораи талафот маълумот дастрас нест.

Ёдовар мешавем, ки ду рӯз қабл, 14-уми сентябр, низ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, дар минтақаи шаҳри Исфара муноқишаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷа 2 сарбози тоҷик кушта ва 11 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ҷониби Қирғизистон аз ҷароҳати 2 сарбоз ва 3 сокини мулкиаш хабар дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст