Моҳи август кадом маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон арзон шуд?

Моҳи гузашта нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 2,5% поин рафта, арзиши маҳсулоти ғайриозуқа 0,3% ва арзиши хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 0,1% зиёд шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Кадом маҳсулот арзон шуд? Бино ба маълумоти Агентӣ, моҳи август нархи маҳсулоти зерин поин рафт: – маснуоти нонӣ ва ярма – ба андозаи 3,4% (асосан аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Моҳи гузашта нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 2,5% поин рафта, арзиши маҳсулоти ғайриозуқа 0,3% ва арзиши хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 0,1% зиёд шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Кадом маҳсулот арзон шуд?

Бино ба маълумоти Агентӣ, моҳи август нархи маҳсулоти зерин поин рафт:

– маснуоти нонӣ ва ярма – ба андозаи 3,4% (асосан аз ҳисоби поинравии нархи орди навъи 1-ум ба андозаи 4,8%);

– сабзавот – 6,3% (аз ҷумла пиёз – 14,8%, картошка – 12,7%, бодиринг – 1,3%, сабзӣ –  0,1%);

– равған ва чарбу – 3,9% (равғани растанӣ – 6,2%, равғани офтобпараст – 2,5%);

– меваҳо – 3% (ангур – 16,2%, нок – 5,8%, себ – 3,1%);

– шакар (қанд) – 3,6%;  

– шир – 2,3%;

– гӯшти гӯсфанд – 1,1%;

– гӯшти мурғ – 0,2%.

Дар ҳамин ҳол, помидор ба андозаи 19%, харбуза – 10,5%, карам – 0,3%, биринҷ – 0,2%, маҳсулоти гӯштӣ – 0,2%, аз ҷумла гӯшти гов – 0,8% қимат шуданд.

Таваррум аз оғози сол кам шуд

Тибқи маълумоти Агентии омор, давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ сатҳи таваррум аз 4,6% то 3,3% поин рафт.

Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти хӯрокворӣ ба миқдори 4,9%, маҳсулоти ғайриозуқа – 3% боло рафта, хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ баръакс – 0,8% арзон шуд.

Дар ин давра маҳсулоти зерин нисбатан бештар қимат шуд: сӯзишвории дизелӣ (ба андозаи 18,2%), маводи шусттушӯ – 13,8%, сабзавот – 13,5%, шакар (қанд) – 13%, маснуоти нонӣ ва ярма – 10,6%, маҳсулоти доруворӣ – 7,5%, тухм – 7,3%, шир – 4,1%).

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2021 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху таърифаҳо (тарифҳо) дар назар буд, лекин сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои сол 8%-ро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст