Бишарифа Воҳидова, духтаракаи 8-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар натиҷаи ҳамлаи таҷовузкоронаи сарбозони Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон, кушта шудааст.
Дар ин бора шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маълумот дода, навиштааст, ки Бишарифа дар синфи 2 таҳсил мекард ва 16-уми сентябр дар пайи тирборони деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби низомиёни қирғиз, кушта шудааст.
“Бишарифа духтараки фаъолу аълохони синф буд. Хаёлоти рангине дошт, ки абадан хомӯш шуд. Дили ҳамаи мо, омӯзгорон реш – реш аст”, – навиштааст шуъбаи маорифи ноҳия.
Бишарифа сеюмин кӯдаке аст, ки куштори ӯ дар пайи ҳамлаи нерӯҳои қирғид ба хоки Тоҷикистон таъйид мешавад. Қаблан мақомоти тоҷик дар бораи кушта шудани Асмоахони 6 ва Имрони 5-сола иттилоъ дода буданд. Гуфта мешуд, ки ин ду кӯдаки тоҷик якҷо бо пайвандонашон дар натиҷаи тирборони мошини “Ёрии таъҷилӣ” аз ҷониби сарбозони қирғиз, кушта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 14 то 18-уми сентбяр идома кард, 41 сокини Тоҷикистон куштаву даҳҳо хона вайрон шуданд.
Ҷониби Қирғизистон аз кушта шудани 59 нафар шаҳрванди кишвар дар ҷарёани ин даргириҳо хабар медиҳад.


