Дар Тоҷикистон истеҳсоли картошка кам шуд. Нархҳо боз боло мераванд?

То рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон аз майдони 17 ҳазору 224 гектар ҳосили картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки 53,5% аз ҳаҷми умумии киштро ташкил медиҳад. Миқдори умумии ҳосили ҷамъоварда 358 ҳазору 457 тоннаро ташкил медиҳад, ки 1 ҳазору 636 тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст. Дар ин бора Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

То рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон аз майдони 17 ҳазору 224 гектар ҳосили картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки 53,5% аз ҳаҷми умумии киштро ташкил медиҳад.

Миқдори умумии ҳосили ҷамъоварда 358 ҳазору 457 тоннаро ташкил медиҳад, ки 1 ҳазору 636 тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст. Дар ин бора Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ҳамчунин ҳосилнокии картошка поин рафта, агар дар охири соли гузашта ин нишондиҳанда 227 сентнер аз 1 гектарро ташкил дода бошад, пас дар ҳамин давраи соли равон он ба 208 сентнер аз 1 гектар баробар аст.

Имрӯз картошкаро ба ҳисоби миёна бо нархи 5 сомонӣ мефурӯшанд. Моҳи сентябри соли гузашта он 4 сомонӣ нарх дошт.

То ин вақт моҳи сентябри солҳои 2014 ва 2017 нархи баландтарин – 3,80 сомонӣ ба қайд гирифта шуда, шурӯъ аз соли 2011 нарх аз 2,5 сомонӣ баланд нашуда буд.

Қаблан дар Вазорати кишоварзӣ зикр карда буданд, ки дар як сол истеъмоли 92 кило картошка барои 1 кас лозим аст, лекин миқдори воқеии истеъмоли он дар ҷумҳурӣ барои 1 нафар дар 1 сол 130 кило арзёбӣ мешавад.

Бо назардошти ин маълумот, талаботи умумии кишвар ба картошка дар 1 сол то 1,3 млн тонна мерасад.

Имсол дар Тоҷикистон ҷамъоварии зиёда аз 1 млн тонна ҳосили картошка пешбинӣ шудааст. Оё ин имконпазир аст?

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.