Боздиди Абдуҷаббор Раҳмонзода аз як мактаби тоҷикӣ дар Ӯзбекистон

Date:

Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, дар Рӯзи омӯзгорон, 1-уми октябр, аз мактаби тоҷикӣ дар Ӯзбекистон боздид намуд. Дар ин бора саҳифаи фейсбукии Сафорати Тоҷикистон дар Тошкант хабар медиҳад.

Пас аз боздид аз мактаби таҳсилоти умумии №42 дар маҳаллаи Боғистони ноҳияи Бӯстонлики вилояти Тошканд Абдуҷаббор Раҳмонзода дар саҳнаи мактаб бо омӯзгорон, толибилмон ва гурӯҳе аз падару модарон мулоқот намуд.

Ҳамин тавр, Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳозиринро бо рӯзи омӯзгорон табрик намуда, оид ба дӯстиву рафоқат миёни тоҷикон ва ӯзбекон суханронӣ намуд.

Сафири тоҷик таъкид доштааст, ки дар чандсолаи ахир ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар тамоми соҳаҳо тавсеа меёбанд.

Боздиди сафири тоҷик аз мактаби тоҷикӣ дар Ӯзбекистон дар ҳолест, ки чанде пештар Амина Шарофиддинова, омӯзгор ва як пуштибони забони тоҷикӣ дар Самарқанд, аз кам шудани мактабҳои тоҷикӣ дар ин кишвар нигаронӣ карда, гуфта буд, ки “бо гузашти 25 сол дар вилояти Самарқанд беш аз 50 мактаби тоҷикӣ аз фаъолият бозмонд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...