Таҳқиқи парвандаи Завқибек Саидаминӣ ба охир расида, ба суд ирсол шудааст

Таҳқиқи парвандаи Завқибек Саидаминӣ, яке аз чор рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик ба анҷом расида, барои муҳокима ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол шудааст. Радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар навиштааст, ки мақомот таҳқиқи парвандаи Завқибек Саидаминии 38-соларо бар асоси қисми 2-и моддаи 307 (нишонаи 3) ҷамъбаст карда, миёнаҳои моҳи сентябр ба додгоҳ фиристодаанд.  Ҳанӯз […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Таҳқиқи парвандаи Завқибек Саидаминӣ, яке аз чор рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик ба анҷом расида, барои муҳокима ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол шудааст.

Радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар навиштааст, ки мақомот таҳқиқи парвандаи Завқибек Саидаминии 38-соларо бар асоси қисми 2-и моддаи 307 (нишонаи 3) ҷамъбаст карда, миёнаҳои моҳи сентябр ба додгоҳ фиристодаанд. 

Ҳанӯз рӯзи мурофиа маълум нест ва дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳам рӯзи баргузории онро нагуфтаанд.

Ҳабиса Ятимова, модари Завқибек Саидаминӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, се моҳ боз писарашро надидааст ва рӯзи шанбеи гузашта, вақте ба қабули вазири корҳои дохилӣ рафт, гуфтанд, дигар имкони вохӯрӣ нест, чун парванда ба суд рафтааст.

– Ба суд ҳам рафтем, тамоман қабул накарданд, – нигаронӣ кардааст модари ӯ.

Дар ҳамин ҳол, вакили дифои Завқибек низ дар бораи парвандаи ӯ тафсилот надода, танҳо гуфтааст, ҳанӯз мурофиа шуруъ нашудааст.

Завқибек Саидаминӣ яке аз чор рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик аст, ки як рӯз пеш аз иди Қурбон, 8 –уми июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуда буд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкориашро бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон рад кардаанд.

Ба ғайр аз Завқибек Саидаминӣ боз Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Далери Имомалӣ низ дар боздоштгоҳ қарор доранд ва интизори ҳукманд.

Дирӯз, 4 –уми октябр Суди ноҳияи Шоҳмансур Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз дигар рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷикро 7,5 сол равонаи зиндон кард. Наздиконаш аз ҳукми суд розӣ нестанд ва гуфтанд, ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.