Жасмин Ан-Нимр – духтаре, ки парчами Тоҷикистонро дар хориҷа баланд мекунад

«Азия-Плюс» лоиҳаи «Тоҷикистон, ба пеш!»-ро бо дастгирии ширкати букмекерӣ 1XBET аз сар мегирад. Дар шумораи аввал мо дар бораи муваффақияти Жасмин Ан-Нимр, бадансози арабзабон, ки Тоҷикистонро ватани худ медонад ва парчами ҷумҳуриро дар хориҷи кишвар баланд мекунад, нақл мекунем. Жасмин як сол мешавад, ки бо бодибилдинг ва ё бадансозӣ машғул аст ва аллакай, натиҷаҳои хуб […]

«Азия-Плюс» лоиҳаи «Тоҷикистон, ба пеш!»-ро бо дастгирии ширкати букмекерӣ 1XBET аз сар мегирад. Дар шумораи аввал мо дар бораи муваффақияти Жасмин Ан-Нимр, бадансози арабзабон, ки Тоҷикистонро ватани худ медонад ва парчами ҷумҳуриро дар хориҷи кишвар баланд мекунад, нақл мекунем.

Жасмин як сол мешавад, ки бо бодибилдинг ва ё бадансозӣ машғул аст ва аллакай, натиҷаҳои хуб нишон додааст. Ӯ моҳи июли соли ҷорӣ дар чемпионати Осиё оид ба бодибилдинг мақоми аввалро ба даст овард.

"Аслан, барои аз даст додани вазн чанд сол пеш ба толори варзишӣ омада будам. Аммо баъдан вақте бо мураббиам Олим Парпиев вохӯрдам, баръакс, ба пауэрлифтинг машғул шудам. Ман ба бодибилдинг гузаштам. Ва мураббии ман низ маро бовар кунонд, ки дар мусобиқа иштирок кунам", – мегӯяд ӯ.

Ҳеҷ гуна таассуб духтари шарқиро бознадошт.

"Ман дар аввал фаҳмидам, ки ин навъи варзиш бо менталитети мо, бо фарҳанги шарқии мо, номувофиқ аст, аз ин рӯ, вақте машқ мекардем, медонистам, ки дар ин ҷо ҳунарнамоӣ намекунем, дар хориҷа рақобат мекунем!", – мегӯяд Жасмин Ан-Нимр.

Лоиҳаи "Тоҷикистон, ба пеш!"-и "Азия-Плюс" дар бораи варзишгарон бори аввал охири соли 2019 сабт ва интишор карда шуд. Он аз 12 қисса дар бораи беҳтарин варзишгарони кишвар иборат буд, ки дар платформаҳои “Asia-Plus” тақрибан 1 миллион тамошобинро фаро гирифт.

Дар давоми се сол дар мамлакат варзишгарони навкору умедбахш зуҳур карданд ва ҳамаи онҳо сазовори дастгирӣ мебошанд. Мо инчунин итминон дорем, ки ин қиссаҳо одамони дигарро, новобаста аз касбу корашон, водор мекунанд, ки монеаҳои зиндагиро паси сар кунанд ва иродаи худро мустаҳкам намоянд.

Ширкати букмекерии 1XBET моро дар татбиқи лоиҳа дастгирӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.