“Журналистонро раҳо кунед”. CPJ ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатиро сангину ноодилона хонд

Кумитаи ҳимоят аз журналистон (CPJ) ҳукми зиндони рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро шадидан маҳкум кард. Созмони мазкур дар Ню-Йорк мустақар буда, аз ҳуқуқи журналистон ҳимоя мекунад. Дар ин бора Радиои озодӣ хабар медиҳад. Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Аврупову Осиёи Марказии Кумитаи дифоъ аз журналистон, гуфтааст, "CPJ ҳукми сангин ва ноодилонаро нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ маҳкум мекунад". "Ба назар […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳимоят аз журналистон (CPJ) ҳукми зиндони рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро шадидан маҳкум кард. Созмони мазкур дар Ню-Йорк мустақар буда, аз ҳуқуқи журналистон ҳимоя мекунад. Дар ин бора Радиои озодӣ хабар медиҳад.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Аврупову Осиёи Марказии Кумитаи дифоъ аз журналистон, гуфтааст, "CPJ ҳукми сангин ва ноодилонаро нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ маҳкум мекунад".

"Ба назар мерасад, он ҳосили нороҳатии мақомоти Тоҷикистон аз маъруфияти журналистикаи иҷтимоӣ аст, ки Ғурбативу ҳамкораш Далери Имомалӣ дар ин соҳа кор мекарданд", – гуфтааст Гулноза Саид.

Ӯ талаб кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон билофосила Абдуллоҳ Ғурбативу Далери Имомалӣ ва журналистони дигари боздоштшударо раҳо кунанд. CPJ мегӯяд, онҳо барои хабарнигорӣ дастгир шудаанд ва аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, маъракаи тарс додани рӯзноманигоронро хотима бахшад.

Ёдовар мешавем, ки 4-уми октябр Суди ноҳияи Шоҳмансури Душанбе паси дарҳои баста Абдуллоҳ Ғурбатиро бар асоси се банди қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла ифротгароӣ, ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум намуд. Худи Абдуллоҳ ҳамеша ба бегуноҳии худ таъкид менамуд.

Абдуллоҳ Ғурбати аз ҷумлаи чор журналист ва блогнависи тоҷик аст, ки давоми чанд моҳи охир боздошт гардиданд.

Ҳоло тақдири Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, журналисту блогнависони дигари боздоштшуда норӯшан боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.