Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Назирмад Ализода ба ВКХ-и ин кишвар даъват гардида, ба ӯ дар робита ба як баёнияи сухангӯи ин вазорат ва нотаи супоридаи ҷониби Тоҷикистон, тафсилот пешниҳод шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти ВКХ-и Қирғизистон иттилоъ медиҳад.
Як рӯз баъд аз супоридани нотаи ҷониби Тоҷикистон, 8-уми октябр, Назирмад Ализода ба вазорат даъват карда, гуфтаанд, ки “баёнияи сухангӯ Чингиз Кустабоев, дар Фейсбук “назари хусусии ӯст” ва эътирози расмии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ин замина “беҷост”.
Як рӯз пеш, 7-уми октябр, Эрлан Абдилдаев, сафири Қирғизистон дар Душанберо ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват карда ва ба ӯ дар робита ба изҳори назари сухангӯи ВКХ-и Қирғизистон нотаи эътирозӣ супурда буданд.
Дар нотаи ВКХ-и Тоҷикистон гуфта мешуд, ки изҳороти беасоси сардори хадамоти матбуоти ВКХ-и Қирғизистон далели аз байн рафтани фарҳанги сиёсӣ ва набудани одоби оддии дипломатӣ аст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид карда буд, ки “изҳори назари сардори хадамоти матбуоти ВКХ-и Қирғизистон кӯшиши эҷоди бесарусомонӣ барои таҳмили ақидаи бардурӯғ дар бораи сабабҳои аслии таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон ба афкори умум мебошад”.
Гуфтан лозим аст, ки қаблан Чингиз Кустабоев, сардори хадамоти матбуоти ВКХ-и Қирғизистон дар робита ба тақдими ордени “Барои хизмат дар назди Ватан” дараҷаи 3 ба Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин андешаашро эътирозомез дар саҳифаи фейсбукаш баён дошт. Ӯро дар пасманзари низоъ дар сарҳад бо орден сарфароз кардани президенти Тоҷикистон нигарон кардааст.
Баъдан сухангӯи ВКХ-и Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ низ ба ин навиштаи ҳамтои қирғизаш вокуниш кард ва дар ҷавоб навишт, ки чунин баёнияҳо “ғайри қобили қабул ва мухолиф ба принсипҳои одоби дипломатӣ” буда, “нишони дағалона вайрон кардани созиши ҳосилшуда” миёни ду кишвар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад миёни ду кишвар баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар сарҳад низ мешавад. Охирин муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади ин ду кишвар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо каси дигар захмӣ шуданд.
Пас аз имзои созиши ду ҷониб барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад ва ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳои ҷойдошта, мансабдорони Қирғизистон ба истифодаи суханҳои иғвоангез нисбати Тоҷикистон идома медиҳанд, ки чандин маротиба боиси нигаронии ҷониби Тоҷикистон шуд.




