Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» мақоми аввалро касб карда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.
Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ наврасони мо бар ҳамсолони худ аз Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Голҳои Беҳрӯз Хуҷаев ва Диловари Ҷамшедзода ба дастаи мо се имтиёз оварданд.
Бояд гуфт, ки ба ҷуз аз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи мунтахаби Афғонистон низ аз гурӯҳи “H” ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.
Ёдовар мешавем, ки макон ва замони дақиқи баргузории даври финалии Ҷоми Осиё-2023 ҳоло маълум нест. Қаблан кишвари Баҳрайн аз мизбонии ин мусобиқа даст кашида буд.




