Қирғизистон тамрини СААД-ро бекор кард. Чаро?

Вазорати мудофиаи Қирғизистон эълон кард, ки размоиши низомии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки мебоист таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир – 2022" аз 10 то 14-уми октябр дар он кишвар баргузор шавад, бекор карда шуд. Вазорати мудофиа далели бекор шудани баргузории размоиши низомиро нагуфтааст. Яке аз сабабҳои баргузор нашудани размоиш метавонад низои ахир дар марзи Қирғизистону […]

Asia-Plus

Вазорати мудофиаи Қирғизистон эълон кард, ки размоиши низомии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки мебоист таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир – 2022" аз 10 то 14-уми октябр дар он кишвар баргузор шавад, бекор карда шуд.

Вазорати мудофиа далели бекор шудани баргузории размоиши низомиро нагуфтааст.

Яке аз сабабҳои баргузор нашудани размоиш метавонад низои ахир дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон бошад, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо кас кушта шуд.

Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон баъди ин ҳодиса талаб карданд, ки артиши Тоҷикистон ба тамринҳои муштарак роҳ дода нашавад.

Собиқ муовини президенти Қирғизистон Феликс Кулов сабаби баргузор нашудани тамринҳои банақшагирифтаро дар суҳбат бо “Ъ” “муносибати сард бо Тоҷикистон” гуфтааст.

“Маълум аст, ки бидуни фармони сарфармондеҳи олӣ, президент Содир Ҷабборов, худи низомиён наметавонистанд ба чунин иқдоми шадид даст зананд. Дар ҷанги навбатии сарҳадӣ, одамон кушта шуданд, хонаҳо вайрон шуданд. Дар чунин шароит баргузор намудани тамринҳо қобили қабул набуд. Ва худи номи "Бародарии шикастнопазир – 2022" ҳадди ақал масхаракунанда садо медиҳад”, – менависад “Ъ”.

Коршиноси дигар Темур Умаров низ омили аслии лағви тамринҳоро муноқишаи Қирғизистон бо Тоҷикистон унвон карда гуфтааст, ки президент Содир Ҷабборов аз ин ҳолат истифода мекунад.

“Баъди ҳаводиси ахир дар ҷомеаи Қирғизистон як тавофуқ ҳосил шуд ва ҳар як иқдоми беэҳтиётонаи мақомот метавонад боиси эътирозҳо гардад. Ҷабборов инро дарк мекунад, илова бар ин, вай кӯшиш мекунад, ки бо истифода аз ин муноқиша бо Тоҷикистон холи сиёсӣ ба даст орад ва маҳбубияти худро дар байни сокинон бештар намояд”, – гуфтааст Темур Умаров, коршиноси Бунёди Карнегӣ “Ъ”.

Гуфтан ба маврид аст, ки нерӯҳои посдори сулҳи СААД аллакай дар Қазоқистон силсилаи тамринҳои худро бо номи "Муомила-2022" ва "Ҷустуҷӯ-2022" анҷом доданд. Он замон гуфта шуд, ки сарбозон, аз ҷумла низомиёни Русия ва Белорус ба Қирғизистон мераванд, аммо ҳоло гуфта мешавад, ки онҳо ба ватани худ бармегарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.