Бозиҳои зимистонаи Осиё-2029 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад

Шаҳри Тройенаи минтақаи шаҳри Неом дар шимолу ғарби Арабистони Саудӣ мизбони 9-ум Бозиҳои зимистонаи Осиё-2029 интихоб шуд. Дар ин бораи сомонаи Шӯрои олимпии Осиё иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар 41-ум Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё, ки дар давлати Камбоҷа баргузор гардид, Шаҳри Тройенаи минтақаи шаҳри Неоми Арабистони Саудӣ ғолиб ва мизбони 9-ум Бозиҳои зимистонаи […]

Asia-Plus

Шаҳри Тройенаи минтақаи шаҳри Неом дар шимолу ғарби Арабистони Саудӣ мизбони 9-ум Бозиҳои зимистонаи Осиё-2029 интихоб шуд. Дар ин бораи сомонаи Шӯрои олимпии Осиё иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар 41-ум Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё, ки дар давлати Камбоҷа баргузор гардид, Шаҳри Тройенаи минтақаи шаҳри Неоми Арабистони Саудӣ ғолиб ва мизбони 9-ум Бозиҳои зимистонаи Осиё-2029 интихоб шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин кишвар дар Осиёи Ғарбӣ хоҳад буд, ки Бозиҳои зимистонаи Осиёро мизбонӣ мекунад. Бозиҳои зимистонаи Осиё аз соли 1986 чор маротиба дар Ҷопон, ду маротиба дар Чин ва як маротибаӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ва Қазоқистон баргузор шудааст.

Бозиҳои зимистонаи Осиё-2029 сеюм чорабинии бузурги варзишӣ аст, ки Арабистони Саудӣ мизбонӣ мекунад. Қаблан Шӯрои олимпии Осиё ҳаққи мизбонии Бозиҳои Осиё-2034 ва Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар соли 2025-ро ба Арабистони Саудӣ дода буд. Ин бозиҳо дар шаҳри Риёз баргузор хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.