Пас аз ҳамлаи ҳавоии Кобул. Мулоқоти ҳайати Толибон* бо намояндагони ҳукумати Амрико

Як ҳайати Толибон бо ҳайати Амрико рӯзи шанбе дар Давҳа мулоқот ва гуфтугӯ кардааст. Ин ҳайатҳо дар робита ба гаштугузори ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ дар ҳарими ҳавоии Афғонистон, ҳамлаи ҳавоии Амрико дар моҳи август, ки гурӯҳи Толибон онро нақзи тавофуқномаи Давҳа медонад ва амалисозии он, маҳдудиятҳои бонкӣ ва интиқоли бархе аз дороиҳои Афғонистон ба Шветсия, гуфтугӯй […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Як ҳайати Толибон бо ҳайати Амрико рӯзи шанбе дар Давҳа мулоқот ва гуфтугӯ кардааст. Ин ҳайатҳо дар робита ба гаштугузори ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ дар ҳарими ҳавоии Афғонистон, ҳамлаи ҳавоии Амрико дар моҳи август, ки гурӯҳи Толибон онро нақзи тавофуқномаи Давҳа медонад ва амалисозии он, маҳдудиятҳои бонкӣ ва интиқоли бархе аз дороиҳои Афғонистон ба Шветсия, гуфтугӯй кардаанд. Дар ин бора Тулуънюз бо такя ба манобеъи худ хабар медиҳад.

Ин хабаргузорӣ афзудааст, ки ҳайати Толибонро намояндагони риёсати истихборот ва вазорати дифоъу хориҷа намояндагӣ мекарданд ва ҳамчунон, ҳайати Амрико аз намояндаи хоси Кохи сафед барои Афғонистон ва намояндагони вазоратҳои дифоъ, хориҷа ва истихбороти он кишвар иборат буданд.

Пас аз ҳамлам ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар 31 июл дар Кобул ва иддаои Вашингтон дар бораи кушта шудани Айман аз-Завоҳирӣ, раҳбари шабакаи Ал-қоида*, ин нахустин бор аст, ки мақомҳои ИМА ва Толибон бо ҳам мулоқот мекунанд.

Тулуънюз бо истинод ба Воҳид Фақирӣ, коршиноси равобити байнулмилалӣ навиштааст, ки Амрико хоҳони таомул бо Толибон аст.

Мақомҳои Толибон то кунун ин дидорро таъйид ва ё рад накардаанд.

Ёдовар мешавем, ки аз ғасби ҳокимяти Афғонистон аз тарафи Толибон беш аз як сол гузашта, аммо то ҳол ҳеҷ давлат ё созмоне ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Толибон то ҳол натавонистаанд хостаҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар самти ташкили ҳукумати ҳамашумул, риояи ҳуқуқи инсон ва бунёди давлати қонунмеҳвар бароварда кунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.