Ҳамла ба Киев, Днепр ва дигар шаҳрҳои Украина. Чандин нафар куштаву захмӣ шудаанд

Субҳи имрӯз, 10-уми октябр дар Киев ва Днепр чанд таркиш рух дод. Ба иттилои шабакаҳои телеграмм-каналҳои маҳаллӣ, дар пойтахти Украина дасти кам панҷ садои таркиш шунида шудааст. Ҳамчунин, дар мавриди фаъол гардидани системаи мудофиаи зидди хавоӣ дар вилояти Киев хабар дода мешавад. Раиси шаҳри Киев Виталий Кличко ҳамла ба шаҳрро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 10-уми октябр дар Киев ва Днепр чанд таркиш рух дод. Ба иттилои шабакаҳои телеграмм-каналҳои маҳаллӣ, дар пойтахти Украина дасти кам панҷ садои таркиш шунида шудааст. Ҳамчунин, дар мавриди фаъол гардидани системаи мудофиаи зидди хавоӣ дар вилояти Киев хабар дода мешавад.

Раиси шаҳри Киев Виталий Кличко ҳамла ба шаҳрро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, ба ноҳияи Шевченко дар маркази Киев ҳамла кардаанд. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, яке аз мушакҳо дар назди муҷассамаи Михаил Грушевский афтода, боиси оташ гирифтани мошинҳои раҳгузар шудааст. Хадамоти давлатии изтирории Украина хабар медиҳад, ки бар асари таркишҳо кушта ва захмиҳо низ ҳастанд.

Антон Геращенко, мушовири раиси Вазорати корҳои дохилии Украина, гуфт, ки дар Киев 5 нафар кушта ва 12 сокини шаҳр маҷрӯҳ шуданд.

Дар Киев ҳаракати қаторҳо ва метро қатъ карда шуд, ҳама истгоҳҳои метро ҳамчун паноҳгоҳ барои шаҳрвандон истифода мешаванд. Ҳоло кӯчаҳои марказии Киев бастаанд.

Бори охир Киев дар охири моҳи июн мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифта буд. Баъдан артиши Русия ба ин шаҳр 14 мушак партоб кард. Яке аз онҳо дар ноҳияи Шевченко ба бинои баландошёна бархӯрд, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расида, шаш тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ҳамла ба Киев дар пасманзари таркиш дар пули Қрим сурат мегирад. Рӯзи 8 октябр як мошини боркаш дар пули Қрим дар гулӯгоҳи Керч таркид ва ин пул қисман хароб шуд.

Владимир Путин таркиш дар пули Қримро ҳамлаи террористӣ номид ва дар он Украинаро муттаҳам кард. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия, гуфт, вокуниши Русия ба тарконидани пули Қрим танҳо "маҳви мустақими террористон" буда метавонад.

Пас аз таркиш дар пули Қрим аз ҷониби вазири мудофиаи Русия фармондеҳи нави нерӯҳои ҳарбии Русия дар Украина таъйин карда шуд. Ба ин вазифа генерал армия Сергей Суровикин баргузида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.