Тими футболи Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми Осиё – 2023 роҳхат гирифт

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» мақоми аввалро касб карда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Дар даври ниҳоии  марҳилаи интихобӣ наврасони мо бар ҳамсолони худ аз Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Голҳои Беҳрӯз Хуҷаев ва Диловари Ҷамшедзода ба дастаи мо […]

Asia-Plus

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» мақоми аввалро касб карда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Дар даври ниҳоии  марҳилаи интихобӣ наврасони мо бар ҳамсолони худ аз Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Голҳои Беҳрӯз Хуҷаев ва Диловари Ҷамшедзода ба дастаи мо се имтиёз оварданд.

Бояд гуфт, ки ба ҷуз аз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи мунтахаби Афғонистон низ аз гурӯҳи “H” ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Ёдовар мешавем, ки макон ва замони дақиқи баргузории даври финалии Ҷоми Осиё-2023 ҳоло маълум нест. Қаблан кишвари Баҳрайн аз мизбонии ин мусобиқа даст кашида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.