Оғози раванди табодул? Сафири Русия дар Амрико барои дидор бо Виктор Бут ба маҳбас рафт

Date:

Сафири Русия дар Амрико Анатолий Антонов барои мулоқот бо Виктор Бут, як тоҷири шинохтаи силоҳ ба маҳбас рафт. Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Анатолий Антонов ҳудуи якуним соат бо Виктор Бут суҳбат карда, “ҷонибдории ҳамватанонаш аз Русия” ба ӯ расонида шудааст.

«Ӯ гуфт, ки баъзе калимаҳои русиро каме фаромӯш кардааст, зеро касе набуд, ки бо онҳо бо русӣ сӯҳбат кунад. Мо ба ӯ рӯзномаҳо, маҷаллаҳо медиҳем, ҳамаи ин, мутаассифона, бо таъхири зиёд – тақрибан се-чор ҳафта дастрас мешавад”, – гуфтааст сафири Русия.

Анатолий Антонов гуфтааст, ки Виктор Бут ба ҳама рӯйдодҳое, ки дар ватанаш мегузарад, аз ҷараёни низоъ дар Украина то навгониҳои соҳаи санъат таваҷҷӯҳ дорад. «Ӯ одамест бо дили бузург ва дониши зиёд. Ҳатто дар ин ҷо ӯ омӯзиши забони хитоиро идома медиҳад. Ӯ аллакай 500 иероглифро омӯхтааст, забони форсиро медонад. Ман ҳоло забонҳоеро, ки ӯ медонад, номбар намекунам. Ин хеле рӯҳбаландкунанда аст”, – гуфтааст дипломат.

Мулоқоти сафир Антонов дар ҳоле сурат гирифт, ки қаблан вакили дифои Виктор Бут Стив Зиссу имкони табодули зерҳимояашро эътироф карда буд. Ба гуфтаи вай, ин танҳо пас аз интихоботи миёндаврии Конгресси ИМА имконпазир хоҳад шуд.

Ба гузориши РБК, ки бо истинод ба CNN иттилоъ медиҳад, маъмурияти президенти ИМА пешниҳод кардааст, ки Виктор Бутро бо Пол Уилан, ки моҳи июни соли 2020 дар Маскав ба ҷосусӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 16 соли зиндон маҳкум гардид ва Бритни Гринер, варзишгардухтари амрикоӣ, ки моҳи март дар вилояти Маскав бо иттиҳоми интиқоли маводи мухаддир аз марз боздошт шуда буданд, иваз кунад.

Виктор Бут, ки аз ӯ чун “шоҳи тиҷорати яроқ” ном мебаранд, зодаи Тоҷикистон аст ва дар Амрико барои 25 сол маҳкум шудааст. Ӯ барои омодагӣ ба фурӯши силоҳ ба шӯришиёни Колумбия ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...