Арзиши сӯзишворӣ ҳамоно рӯ ба поён аст

Date:

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе ҳоло 1 литр бензини АИ-92 9 сомониву 50 дирам арзиш дорад, ки ҳафтаи пешин ба 10 сомонӣ баробар буд.

Ҳамин тавр, нархи як литр бензини АИ-95 ҳам то 9 сомониву 80 дирам поин омадааст. Қаблан як литр бензини АИ-95 10 сомониву 50 дирам арзиш дошт.

Дар ин баробар, арзиши як литр сӯзишвории дизелӣ дар пойтахт 12 сомониву 60 дирам нарх дорад ва 1 литр гази моеъ 6 сомониву 20 дирам фурӯхта мешавад.

Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Хуҷанд бензини АИ-92 – 50 дирам арзон шудааст ва он имрӯз, 14-уми октябр, 9 сомониву 50 дирам арзиш дорад. АИ-95-ро, ки қаблан 10 сомониву 60 дирам нарх дошт, ҳоло 10 сомониву 20 дирам харидан мумкин аст.

Ҳамин тавр, нархи сӯзишвории дизелӣ дар Хуҷанд бетағйир боқӣ монда, 12 сомониву 50 дирам фурӯхта мешавад. Гази моеъ дар ин шаҳр 6 сомониву 10 дирам арзиш дорад.

Дар шаҳри Бохтар арзиши як литр бензини АИ-95 10 сомониву 30 дирам аст ва як литр бензини АИ-92 9 сомониву 60 дирам фурӯхта мешавад.

Дар ин баробар, арзиши як литр сӯзишвории дизелӣ дар Бохтар 12 сомониву 60 дирам нарх дорад ва 1 литр гази моеъ 6 сомониву 30 дирам фурӯхта мешавад.

Омили поёнравии арзиши сӯзишвориро коршиносон ба фарорасии фасли зимистон ва анҷоми корҳои саҳроӣ маънидод мекунанд.

Дар гузашта аз Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд, ки маъмулан дар мавсими зимистон бинобар сабаби кам шудани талабот, нархи сӯзишворӣ поин меравад. Дар мавсими тирамоҳу баҳор бошад, баръакс, бо сабаби оғози корҳо дар бахши кишоварзӣ арзиши сӯзишворӣ боло меравад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ 86% маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия интиқол дода шуда, ҳудуди 90%-и воридоти гази моеъ ба Қазоқистон рост меояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...