Дар Душанбеву Хуҷанд нархи сӯзишворӣ арзон шудааст

Дар Душанбе ва Хуҷанд нархи сӯзишворӣ дар муқоиса ба ҳафтаи қаблӣ поин рафтааст. Мушоҳидаҳои хабарнигорони “Азия-Плюс” ва суҳбат бо чанде аз ронандагон инро тасдиқ кард. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе ҳоло 1 литр гази моеъ 6 сомониву 20 дирам нарх дорад, ки дар гузашта он 6 сомониву 60 фурӯхта мешуд. Як литр бензини АИ-92 9 […]

Дар Душанбе ва Хуҷанд нархи сӯзишворӣ дар муқоиса ба ҳафтаи қаблӣ поин рафтааст. Мушоҳидаҳои хабарнигорони “Азия-Плюс” ва суҳбат бо чанде аз ронандагон инро тасдиқ кард.

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе ҳоло 1 литр гази моеъ 6 сомониву 20 дирам нарх дорад, ки дар гузашта он 6 сомониву 60 фурӯхта мешуд. Як литр бензини АИ-92 9 сомониву 90 дирам ва АИ-95 10 сомониву 50 дирам фурӯхта мешавад. Арзиши як литр сӯзишвории дизелӣ 12 сомониву 60 дирам нарх дорад.

Ҳамин тавр, ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Хуҷанд 1 литр гази моеъ 5 сомониву 80 дирамро ташкил медиҳад, ки ин 20 дирам арзонтар аз нархи ҳафтаи гузашта аст.

Як литр бензини АИ-92 бошад 10 сомонӣ ва АИ-95 10 сомониву 60 дирам фурӯхта мешавад. Арзиши як литр сӯзишвории дизелӣ дар Хуҷанд 12 сомониву 50 дирам аст.

Дар гузашта аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат ҶТ гуфта буданд, ки маъмулан дар мавсими зимистон бинобар сабаби кам шудани талабот, нархи сӯзишворӣ поин меравад. Дар мавсими тирамоҳу баҳор бошад, баръакс, бо сабаби оғози корҳо дар бахши кишоварзӣ арзиши сӯзишворӣ боло меравад.

Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи август болоравии нархи сӯзишворӣ дар кишвар ба назар расида буд ва бархе ронандагон ба “Азия-Плюс” бо изҳори нигаронӣ аз ин шикоят намуда буданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи омори расмӣ 86% маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия интиқол дода шуда, ҳудуди 90%-и воридоти гази моеъ ба Қазоқистон рост меояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.