Идомаи мурофиаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ. Боз пушти дарҳои баста?

Дар назар аст, ки пагоҳ, 29-уми сентябр, соати 9:00, мурофиаи навбатии Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста баргузор шавад. Дар ин бора наздикони Абдуллоҳ ба “Азия Плюс” хабар доданд. Дар ҳамин ҳол, Абдураҳмон Шарифов, вакили дифои Абдуллоҳ дар суҳбат бо мо кутоҳ гуфт, “дар суд […]

Дар назар аст, ки пагоҳ, 29-уми сентябр, соати 9:00, мурофиаи навбатии Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста баргузор шавад. Дар ин бора наздикони Абдуллоҳ ба “Азия Плюс” хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, Абдураҳмон Шарифов, вакили дифои Абдуллоҳ дар суҳбат бо мо кутоҳ гуфт, “дар суд ба мо гуфтанд, пагоҳ занг занед, аниқ мешавад”.

Ин мурофиаи дуввуми Абдуллоҳ буда, дар мурофиаи аввал, ки рӯзи 21-уми сентбяр дар “СИЗО” баргузор шуд, танҳо ҳамсараш ба ҳайси шоҳид ширкат карда буд.

Ба модари Абдуллоҳ, наздикон ва рӯзноманигорон иҷозат надоданд, ки дар мурофиа иштирок кунанд. Ва маълум нест, ки дар мурофиаи навбатӣ ҳамсар, модари Абдуллоҳ, наздиконаш ва рӯзноманигорон роҳ дода мешаванд ё не.

Дар ҳамин ҳол, ҳамсари Абдуллоҳ гуфт, ба мурофиа даъват шудааст ва интизор дорад, дар мурофиа роҳ меёбад.

Дар баробари ҳамсари Абдуллоҳ ба мурофиа чанд шоҳиди дигар низ даъват шудаанд.

Пас аз мурофиаи аввал, Беҳрӯз Шафо, додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур, ки раисикунандаи мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ аст, бо рӯзноманигорон суҳбат накард, танҳо гуфт, "ман маълумот надорам".

Абдураҳмон Шарифов, гуфта буд, додгоҳ дар доираи ҳамаи моддаҳо Абдуллоҳро пурсид ва ӯ ҳамаи айбҳои нисбаташ эълоншударо рад кард.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ яке аз чор журналистони боздоштшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.

Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.

Наздикон ва худи Абдуллоҳ ҳамаи иттиҳомоти нисбати ӯ эълоншударо бо қатъият рад мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.