Анҷоми нахустин мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ. Судя гуфт, “маълумот надорам”

Мурофиаи нахустини Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик, ки се соат дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе пушти дарҳои баста баргузор гардид, ҷамъбаст шуд. Раисикунандаи додгоҳ, додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Беҳрӯз Шафо баъди анҷоми мурофиа бо рӯзноманигорон суҳбат накард, танҳо гуфт, "ман маълумот надорам". Абдураҳмон Шарифов, вакили дифои Абдуллоҳ гуфт, додгоҳ дар доираи ҳамаи моддаҳо Абдуллоҳро […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Мурофиаи нахустини Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик, ки се соат дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе пушти дарҳои баста баргузор гардид, ҷамъбаст шуд.

Раисикунандаи додгоҳ, додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Беҳрӯз Шафо баъди анҷоми мурофиа бо рӯзноманигорон суҳбат накард, танҳо гуфт, "ман маълумот надорам".

Абдураҳмон Шарифов, вакили дифои Абдуллоҳ гуфт, додгоҳ дар доираи ҳамаи моддаҳо Абдуллоҳро пурсид ва ӯ ҳамаи айбҳои нисбаташ эълоншударо рад кард.

-Дар мурофиа бо иловаи ҳамсараш, се шоҳиди дигар – кормандони ШКД- и ноҳияи Шоҳмансур шоҳидӣ доданд. Мурофиаи ба рӯзи дигар гузошта шуд. Дар хусуси рӯзи дақиқи баргузории мурофиаи навбатӣ иловатан маълумот медиҳанд,-гуфт Абдураҳмон Шарифов.

Адвокат афзуд, “руҳияи Абдуллоҳ хуб буд ва аз чизе шикоят надошт”.

Ҳамсари Абдуллоҳ, ки дар мурофиа ширкат дошт, гуфт, “шоҳидии се корманди ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур хилофи якдигар буд ва ба якдигар мувофиқат намекард”.

Ӯ афзуд, “ба бегуноҳии шавҳараш бовар дорад ва мутамин аст, ки ӯ озод мешавад”.

Худи Абдуллоҳ такроран гуфтааст, ки ба корманди мақомот даст набардоштааст.

Хабарнигори “Asia-Plus”, ки дар назди боздоштгоҳ қарор дошт, гуфт ба мурофиа модари Абдуллоҳ, наздиконаш ва рӯзноманигоронро роҳ надоданд.

Сабаби ба мурофиа роҳ надодани пайвандони Абдуллоҳ ва журналистон ва ҳамин тавр, пушти дарҳои баста баргузор намудани мурофиа то ҳол маълум нест ва касе шарҳ надод.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ яке аз чор журналистони боздоштшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.

Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.

Наздикон ва худи Абдуллоҳ ҳамаи иттиҳомҳоро нисбати ӯ эълоншударо бо қатъият рад мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.