Таъсиси Донишгоҳи синамои Тоҷикистон ҷавҳари навиштаи Соҳибёр Толиб, коргардони синамои тоҷик мебошад, ки ба муносибати солгарди таҷлили “Рӯзи кинои тоҷик” барои “Азия-Плюс” нигошта, дар он чанде аз мушкили соҳаро баррасӣ намудааст ва аз мақомоти зиддахли кишвар хоҳиш кардааст, ки ҷиҳати ҳалли онҳо иқдоми ҷиддӣ рӯйи даст гиранд.
Мо Донишгоҳи синамои Тоҷикистон надорем. Бахшҳои коргардонӣ ва актёрӣ дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода кофӣ нестанд. Онҳо наметавонанд синамои моро тавон ва такон бахшанд. Донишкадаҳои филмноманависӣ, коргардонии тасвир, тадвин ва садо, тарроҳии саҳнаҳо, рангпардозӣ, чеҳрапардозӣ, филмбардорӣ, ҳунарпешагӣ, оҳангсозӣ, мустанадсозӣ, синамошиносӣ, продюссерӣ ва дигар донишкадаҳои лозимро надорем. Бо ин сатҳ синамои тоҷик ҳатто дар дохил худкифо нашудааст. Филм сохта мешавад, аммо суд намеорад. Синамо натанҳо фарҳангу адабу тафреҳ, балки иқтисод низ ҳаст.
Адабиёти бадеъии тоҷик ба ҷуз фарҳанг, ҳамчунин манбаъи ғании иқтисодӣ низ ҳаст. Умедворам, сиёсатмадорон ва соҳибкорон онро дарк кунанд. Ҳар як достони “Шоҳнома” сохтори зебои драматургӣ дорад. Аз ҳар як афсонаи мардумии тоҷик метавон филми тиҷорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ сохт.
Як мушкили равонӣ ин аст, ки ба ҷавонони таҳсилкарда дар хориҷ зудтару бештар бовар карданд. Коргардонҳои ҷавоне, ки давлат ба онҳо имкони бештар дод, натавонистанд фолклори тоҷикро дар филмҳояшон муассир ба кор баранд. Онҳо дониши сохтани синамои ҳирфаиро доранд, вале забони адабу шеваҳо, фолклор, адабиёти бадеъӣ ва кодҳои фарҳангии миллати тоҷикро дуруст наомӯхтаанд. Наомӯхта, эҳсос кардан имкон надорад. Онҳо пас аз таҳсил дар донишгоҳҳои русӣ кӯшиш доранд бо фалсафаи Юнону Рими қадим ва бо мазмуни адабиёти русу англис аз зиндагии мардуми тоҷик синамо созанд.
Дар натиҷа, филми тоҷик на дар Тоҷикистон бинанда меёбад ва на ҷаҳон онро мепазирад. Зеро алоқаи синамогарони ҷавон ба фалсафаи Ғарб аз таассуб аст, бо донише сатҳӣ аз он. Мисле, ки барои устодонашон филм месозанд, то намоиш диҳанд, ки фалсафаи омӯхта дар донишгоҳи хориҷро дар ҷомеаи суннатӣ ба кор мебаранд. Барои ҳамин бояд Донишгоҳи синамои Тоҷикистон таъсис ёбад, то синамогарон дар кишвар дониш омӯзанд. Дуруст аст, ки ҳамакнун омӯзгорони синамо кам дорем, вале то замони омода шудани синамогарони омӯзгор метавон бо Эрон ҳамкорӣ кард. Аз ҷомеаи синамогарони Эрон даъват кунем, ки дар бунёди Донишгоҳи синамои Тоҷикистон ҳамроҳу ҳамкори мо бошанд. Ҳадди ақалл дар панҷ соли оғози кор метавон аз равишҳои дуромӯзӣ баҳра гирифт. Экранҳо, интернети пурсуръат ва тамос бо омӯзгорони синамои Эрон низоми сода ва арзони таҳсил аст.
Синамои Эрон ҷаҳонист. Камтар кишваре, аз ҷумла Русия, камтар синамогаре доранд, ки дар сатҳи синамогарони боҷуръати эронӣ бошанд.
Дар ҳоле, ки донишомӯхтагони донишгоҳҳои синамои русӣ дар Тоҷикистон бештар аз синамои Русия тақлид мекунанд, намунае дигар низ метавон овард.
Имрӯз аз як сӯ таблиғоти сиёсӣ ва низомӣ, аз сӯи дигар тақлид аз Ғарб синамои русро ба садама дучор кард. Синамои Русия замоне, ки адабиёту фарҳанги миллиашро ба кор мебурд, пешрафта буд. Синамои Ҳинд, Чин ва Ҷопон бо корбурди фарҳангу дини худ ҳатто дар ҷомеаҳои масеҳӣ, яҳудӣ ва мусулмонӣ мухотабу маҳбубияти худро меафзоянд. Ҷопон дар синамои худ воқеияти гузаштаи миллаташро ба намоиш мегузорад, вале нуфузи Ҷопон дар ҷаҳон аз ин коста нашудааст. Онҳо аз худ дур нарафтаву рушд мекунанд. Барои бинанда ҷолиб аст, ки фарҳанги ҷомеаи ноошноро бинаду ошно шавад. Ҳамин тавр, тақлиди синамогарони ҷавони тоҷик аз филмҳои туркӣ, ҳиндӣ, русӣ ва ҳоливудӣ низ барои бинандаи он сӯи уқёнус ҷолиби дидан нахоҳад буд.
![]()
Соҳибёр Толиб 10 феврали соли 1986 таваллуд шудааст. Соли 2008 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти форсӣ хатм кардааст. Муддате дар “Радиои Тоҷикистон” ва ҳафтаномаи “Тоҷикони Русия” ба ҳайси муҳаррир фаъолият намудааст. Баъдан ба Донишкадаи кинова телевидинияи Санкт-Петербург дохил шуда, онро соли 2021 хатм намудааст. “Талош”, “Моҳиҳои бузург” ва “Қаландар” аз филмҳои таҳиянамудаи Соҳибёр Толиб аст.
Ман донишгоҳи синаморо дар Русия хатм кардаам, вале мегӯям, ки ҷавонони тоҷик бояд дониши синаморо бо забону фарҳанги худ ва дар кишвари худ биомӯзанд. Русӣ андешидану филми тоҷикӣ сохтан шикасти аввал аст. Ин шикасти танҳо филмсоз нест, балки тарҳи ӯ буҷаи давлатро барбод медиҳад. Барои ҳамин ҳам, аксари филмҳои тоҷикиро тамошо кардан душвор аст.
Дар қиёс ба филмҳои нимаҳирфаӣ баъзе филмҳои ҳаваскорон ва блогнигорон дилнишин ва эҳсоси ҳақиқати бештар ба вуҷуд меорад, зеро созандагон бо забони мардуми худ меандешанд ва мухотаб доранд. Вақте сухан дар бораи синамои тоҷик меравад, мардум аз филмҳои ҳаваскорон мисол меоранд, на аз синамои ҳирфаӣ.
Филмҳои баланди ҳирфаиву нимаҳирфаӣ ва ҳаваскоронае, ки дар чанд соли ахир сохта шуд, ангуштшуморанд ва дастоварди ками синамои тоҷик аст. Бо филмҳои зебои устод Носир Саид ва дигарон синамои имрӯзи тоҷик вуҷуд дорад, аммо пешрафт надорад. Бо чанд филми кӯтоҳи “Тоҷикфилм” ба ҷашнвораҳои камнуфуз меравем, ки дастоварди сода аст.
Мо замоне метавонем бо синамои худ бинозем, ки намоиши ҷаҳонии он гардишгаронро ба Тоҷикистон биёрад, синамо ба рушди сиёсати фарҳангӣ ва хориҷии давлат таъсир гузорад, дар ҷомеъа афкори нав падид оварад ва муҳимтар аз ҳама, ба бозори ҷаҳон роҳ ёбад то бахши муҳими иқтисоди кишвар бошад ва сармоя ворид кунад. То замоне, ки синамо сармоя наоварад, рушд намекунад. Синамо сиёсат ва тиҷорат аст, вале мо ҳанӯз бозори дохилро танзим накардаем.
Имрӯз таҳия ва амалӣ кардани тарҳи нави кори синамои тоҷик имконпазир аст, агар ба судоварии он бовар кунем. Фардо дер мешавад. Имрӯз шахсиятҳои таърихӣ ва адабиёти бадеъии моро ҳамсояҳо синамоӣ намуда, дар ҷаҳон таблиғу тиҷорат мекунанд.
Синамогари тоҷик агар дар банди фалсафаи бегона бошаду забону адабу фолклори миллати худро надонад, пас руҳи тоҷикро эҳсос намекунанд, моро аз мо дур мебарад ва филми моро сохта наметавонанд. На барои худамон ва на барои ҷаҳониён.
Дар баробари даҳҳо донишкадаи иқтисоду тиҷорати кишвар як донишгоҳи синамо, ҳатман бо омӯзиш ба забони миллӣ таъсис додан бисёр муҳим аст, зеро он дар беҳбуди фарҳангу иқтисоди Тоҷикистон таъсири амиқ хоҳад гузошт.
Ҳоло вақти он фаро расидааст, ки таъсиси Донишгоҳи синамои Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ баррасӣ гардида дар сатҳи ҳукумати кишвар матраҳ карда шавад.


