Барқияи изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар сабаби ҳалокат ва осеби зиёди одамон бар асари таркиш дар яке аз конҳои ангишти Туркия, ба президенти ин кишвар Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқия зикр мешавад, ки “хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар сабаби ҳалокат ва осеби зиёди одамон бар асари таркиш дар яке аз конҳои ангишти Туркия, ба президенти ин кишвар Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқия зикр мешавад, ки “хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиш дар кони ангишт дар вилояти Бартини Ҷумҳурии Туркия боиси андӯҳи амиқи мо гардид”.

“Ҳамдардиву тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин фоҷеа изҳор намуда, ба онҳо сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», – изҳори тасаллӣ мешавад дар барқия.

Тибқи маълумоти ахири ВАО, бар асари таркиш дар кони ангишти шаҳри Амасра дар шимоли Туркия 41 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти шаҳрдории Амасра, 11 нафар зинда берун оварда шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ба зиёда аз 50 нафар ангиштканон муяссар шудааст, ки мустақилона аз кон бароянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.